Рафъи тавқифи дороии Бонки марказии Эрон дар Люксембург
(last modified Fri, 21 May 2021 13:37:11 GMT )
Май 21, 2021 18:37 Asia/Dushanbe
  • Рафъи тавқифи дороии Бонки марказии Эрон дар Люксембург
    Рафъи тавқифи дороии Бонки марказии Эрон дар Люксембург

Раиси кулли Бонки марказии Эрон гуфт: девони олии Люксембург, ҳукми додгоҳи ин кишвар дар рафъи тавқифи дороии Бонки марказиро таъйид кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси кулли Бонки марказии Эрон Абдунносир Ҳимматӣ  афзуд: Бар асоси эъломи маркази умури ҳуқуқии байналмилалии шӯъбаи Лоҳа, мутаоқиби раъйи додгоҳи апеллятсияи кишвари Люксембург, Девони Олии ин кишвар дар марҳилаи ниҳоӣ низ эътирозҳои ба истилоҳ даъвогарони зиддитерроризмро дар Иёлоти Муттаҳида рад кард. рафъи тавқиф аз дороии Бонки марказии Эрон дар Люксембургро мавриди таъйид қарор дод.

Ҳимматӣ тасреҳ кард: Бо судури ин раъй, заминаи рафъи тавқиф аз дороии Бонки марказии Эрон дар он кишвар дар сойири парвандаҳои мушобеҳ низ фароҳам хоҳад шуд ва сойири додгоҳҳо ҳам мукаллаф ба табаъият аз он хоҳанд буд.