Май 22, 2021 09:56 Asia/Dushanbe
  • Генерал Ҳусайни Саломӣ дар гуфтугуи телефонӣ бо раҳбарони Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ бар тааҳҳуди Эрон ба ҳимоят аз Фаластин таъкид кард
    Генерал Ҳусайни Саломӣ дар гуфтугуи телефонӣ бо раҳбарони Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ бар тааҳҳуди Эрон ба ҳимоят аз Фаластин таъкид кард

Дабири кулли Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин ҷумъашаб дар гуфтугуи телефонӣ бо фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Эрон аз муқовимати Фаластин қадрдонӣ кард.

Зиёд Алнахола, дабири кулли Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин дар ин гуфтугуи телефонӣ бо ишора ба ҷанги 12 рӯзаи режими саҳюнистӣ алайҳи Борикаи Ғазза гуфт: “Ин як набарди меҳварӣ дар таърихи даргирӣ бо душмани саҳюнистӣ буд, ки муҷиби иттиҳоди бесобиқаи гурӯҳҳои фаластинӣ шудааст”.  

Алнахола дар идома ба таври вижа аз шаҳиди Қудс генерал Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба далели талошҳое, ки барои таҳаққуқи чунин пирӯзиҳое алайҳи ишғолгарони саҳюнист анҷом дод, қадрдонӣ кард ва гуфт: “Шумо (Эрон) дар ҳамаи майдонҳо бо мо будед ва дар таҳаққуқи пирӯзӣ шарики мо ҳастед ва [дар оянда] барои озодсозии Қудс низ бо мо хоҳед буд”.

Генерал Ҳусайни Саломӣ низ дар ин гуфтуи телефонӣ бар тааҳҳуди ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳимоят аз Фаластин таъкид кард.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ сооте пеш низ дар гуфтугуи телефонӣ бо Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши Муқовимати исломии Фаластин Ҳамос, дастовардҳои гурӯҳҳои муқовимати фаластиниро сутуд ва тасреҳ кард, Эрон омодагии ҳаманавъи кумак ба миллати Фаластин ва нерӯҳои муқовиматро дар ҳамаи заминаҳо дорад ва ҳаргиз дар ин замина кӯтоҳӣ нахоҳад кард.

Душанбе 10 май режими саҳюнистӣ аз ҳаво, замин ва дарё таҳоҷуми ҷадиди худ ба Борикаи Ғаззаро шуруъ кард, аммо бо посухи мушакии кубандаи муқовимати Фаластин мувоҷеҳ шуд.

Муқовимати Фаластин дар Борикаи Ғазза дар 12 рӯзи ҷанг, бо истифода аз ҳазорон мушак ва ракетаи пешрафта ба ҳамалоти саҳюнистҳо посух дод, ки ин иқдом муҷиб шуд, кобинаи режими саҳюнистӣ панҷшанбе шаб бо оташбас мувофиқат кунад.

Ин оташбас аз соати 2 бомдоди рӯзи ҷумъа, миёни режими саҳюнистӣ ва гурӯҳҳои фаластинӣ барқарор шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп