Сафири Эрон: худшиносӣ ва ҳифзи забони порсӣ муҳимтарин вижагии шеъри Лоиқ аст
(last modified Tue, 25 May 2021 15:04:21 GMT )
Май 25, 2021 20:04 Asia/Dushanbe

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар маросими гиромидошти устод Лоиқ Шералӣ гуфт: «мавзӯҳои меҳварии осори устод Лоиқ, тавсифи ҷойгоҳи арзишманди Ватан, ҳувият ва бозгашт ба хештан аст.»

Дар маросими гиромидошти устод Лоиқ Шералӣ, ки рӯзи сешанбе (25 май) бо талошу мизбонии Анҷумани мафохири фарҳангӣ ва ба сӯрати маҷозӣ баргузор шуд, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфт: «Устод Лоиқ яке аз авомили муҳимми ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ҳифз ва тавсеъаи забони порсӣ ва адабиёти ниёкон медонист.»

Марҳӯм устод Лоиқ Шералӣ дар деҳаи Мазори Шариф дар шимоли Тоҷикистон зода шуд.

Ӯ баъдҳо давраи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо дар соли 1961 ба поён бурд ва аз он сол дар пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ кард.

Вай пас аз он, нахустнависандаи бахши адабии Радиои Тоҷикистон ва сипас корманди адабии рӯзномаи “Ҷавонон”-и Тоҷикистон шуд.

Шералӣ, сардабири маҷаллаи адабии муътабари “Садои Шарқ”, мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳодияи Шуравӣ аз соли 1995 буд.

Ӯ бо сурӯдаҳои худ ҷони тозае ба колбуди шеъри тоҷикӣ дамид ва ҷойгоҳи онро дар қаламрави шеъру адаби форсизабонон боло бурд.

Шеъри Лоиқ пайванде қавӣ миёни шеъри оламшумӯли ҳазорсолаи форсӣ ва шеъри имрӯзи форсии тоҷикӣ падид овард.

 

Бештар бихонед: