Май 30, 2021 19:52 Asia/Dushanbe
  • Нишасти ҳамоҳангии сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар хориҷ аз кишвар

Ҷаласаи ҳамоҳангии Ситоди интихоботии хориҷ аз кишвари Эрон сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эронро дар Вазорати  умури хориҷа баргузор кард.

Ҷаласаи ҳамоҳангии Ситоди интихоботии хориҷ аз кишвар барои баргузории сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо ҳузури Ҷамоли Урфӣ, раиси Ситоди интихоботи кишвар, Саидкозими Саҷҷодӣ, муовини консулӣ ва ҷамъе аз коркунони Вазорати умури хориҷаи Эрон баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа аъзо дар бораи охирин ҳамоҳангиҳо барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар хориҷ аз Эрон баҳсу гуфтугӯ карданд. То кунун дар 133 намояндагии Ҷумҳурии исломии Эрон дар хориҷ аз кишвар имконоти лозим барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барои эрониёни хориҷ аз кишвар тадорук дида шудааст.

Сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон 28 хурдоди 1400 баргузор хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп