Поёни нишасти Комиссиони муштараки БарҶом; раисони ҳайатҳо барои машварат ба пойтахтҳо бозмегарданд
Нишасти Комиссиони муштараки БарҶом дар вена чаҳоршанбешаб поён ёфт ва муқарар шуд раисони ҳайатҳо барои чанд рӯз машварат ба пойтахтҳо бозгарданду музокирот зарфи рӯзҳои оянда муҷаддадан аз сар гирифта шавад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин нишасти раисони ҳайатҳои кишварҳои узви БарҶом ба арзёбии охирин вазъият гуфтугӯҳо пардохтанд.
Ҳамаи ҳайатҳо зимни ибрози хурсандӣ аз пешрафтҳои сӯратгирифта то ин марҳала, як бори дигар бар азму ҷиддияти худ барои пайгирии раванд гуфтугӯҳо дар рӯзҳои оянда бо ҳадафи ёфтани роҳи ҳаллҳое барои чанд мавзӯе, ки ҳануз ҳалу фасл нашудаанд, таъкид карданд.
Дар нишасти Камиссиони муштараки БарҶом муқарар шуд, зимни тадовуми тамосҳо ва гуфтугӯҳо дар сатҳи каршиносӣ, раисони ҳайатҳо ба муддати чанд рӯз барои ройзанӣ ва машварат ба пойтахтҳо сафар карда ва музокирот зарфи рӯзҳои оянда муҷаддадан аз сар гирифта шавад.
Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири хориҷа ва раиси ҳайати музокиракунандаи Эрон пеш аз ин нишаст дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва симо бо баёни инки ҳамаи ҳайатҳо мусаммам ҳастанд ва ҷиддият комилан вуҷӯд дорад, изҳор дошт, ихтилофот ба нуқтае расида, ки ҳама муътақиданд, ки ин тавр нест, ки ҳал нашуданӣ бошад, аммо ба ҳар ҳол ҷузъиёт ва мавозеъи қатъии мо муҳим аст, ки бояд риоят шавад.
Вашингтон дар майи 2018 дар давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп ба сӯрати якҷониба ва ғайриқонӯнӣ аз БарҶом хориҷ шуд ва аз он пас илова бар бозгардондани таҳримҳои ҳастаӣ, таҳримҳои густардаеро низ алайҳи Теҳрон вазъ кард, аммо Ҷо Байден, раисиҷумҳӯри ҷадиди Амрико ба бозгардондани Иёлоти муттаҳида ба ин тавофуқ ибрози тамоюл кардааст. Бо ин ҳол токунӯн ҳеч иқдоми амалӣ аз ҷониби давлати Байден барои бозгашти Амрико ба БарҶом сӯрат нагирифтааст.
Ҷумҳурии исломии Эрон тасреҳ кардааст, бо тавваҷуҳ ба инки Амрико тарафе буда, ки БарҶом-ро нақз карда, ин Вашингтон аст, ки бояд бо рафъи таҳримҳо ба тавофуқ бозгардад ва лозим аст иҷрои тааҳҳудоти Амрико мавриди ростиозмоӣ қароргирад .
Бештар бихонед: