Таслияти солрӯзи иртиҳоли Имом Хумайнӣ ( раҳ )- бунёнгузори кабири Ҷумҳӯрии исломии Эрон
(last modified 2021-06-03T15:18:28+00:00 )
Июн 03, 2021 20:18 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрӯзи иртиҳоли Имом Хумайнӣ ( раҳ )- бунёнгузори кабири Ҷумҳӯрии исломии Эрон

Ҷумъа чаҳордаҳуми хурдоди 1400 ҳиҷрии шамсӣ, баробар бо 4 июни 2022 мусодиф бо сиюдувумин солрӯзи иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ )-бунёнгузори кабири Ҷумҳӯрии исломии Эрон аст .

32 соли пеш Рӯҳуллоҳ Мӯсавии Хумайнӣ » ( раҳ )-  раҳбари кабири Инқилоби исломии Эрон, пас аз 87 соли зиндагии пурталошу хастагинопазир, чашм аз ҷаҳон фурӯ баст ва ба дидори Ҳақ шитофт .

Имом Хумайнӣ ( раҳ ) муборизоти худро аз соли 1342 ҳиҷрии шамсӣ  баробар бо 1963 милодӣ бо режими истибдодии шоҳу мудохилоти Амрико  дар Эрон оғоз кард ва саранҷом тавассути режими шоҳ ба Туркия ва сипас ба Ироқ табъид шуд .

Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар муддати сездаҳ соли табъид дар Ироқ илова бар тарбияти шогирдони бисёр ба ифшогарии моҳияти фосиди режими шоҳ ва хостаҳои номашрӯъи Амрико дар Эрон пардохтанд ва бо судӯри эъломияҳои равшангар, заминаҳои пирӯзии инқилоби исломиро фароҳам кард .

Саранҷом пас аз авҷгирӣ муборизаву ҳиҷрати Имом ба Фаронса ва сипас бозгашти шукуҳмандонаи ишон ба Эрон, инқилоби исломии Эрон дар соли 1357 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 1979 милодӣ ба пирӯзии ниҳоии расид .

Пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ бо вуҷӯди тавтеъаҳои қудратҳову душманони дохилӣ ва хориҷии инқилоб аз ҷумла, ҷанги таҳмилии режими Баъси Ироқ алайҳи Эрон,Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) дар шароити сахту душвори он давра, мардуми Эронро бо дирояту шуҷоат, раҳбарӣ кард .

  Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ- раҳматуллоҳи алайҳро ба ҳамаи дӯстдорони инқилоби исломӣ таслият мегуяд .

 

Барчасп