Омодагии Эрон барои ҳимоят аз СММ дар ироаи кумакҳои башардӯстона ба манотиқи даргирӣ
(last modified 2021-06-09T04:55:31+00:00 )
Июн 09, 2021 09:55 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои ҳимоят аз СММ дар ироаи кумакҳои башардӯстона ба манотиқи даргирӣ

Муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазорати умури хориҷаи Эрон, бар ҳимоят аз СММ дар ироаи кумакҳои башардӯстона ба манотиқи даргирӣ таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳсин Баҳорванд, муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар дидори Мартин Гриффитс, намояндаи вижаи дабири кул дар умури Яман бар аҳамияти кумакҳои башардӯстонаи СММ дар манотиқи даргирӣ бавижа дар Яман, Сурия, Афғонистону Ироқ ва бидуни тавваҷуҳ ба мулоҳизот ва фишорҳои сиёсӣ таъкид кард.

Баҳорванд дар ин дидор гуфт, Эрон бо вуҷуди таҳримҳои золимона ҳамвора омодаи кумак ба СММ барои тасреъи кумакрасонии башардӯстона ба мардуми ниёзманд дар манотиқи даргирӣ будааст.

Вай афзуд, таҳримҳои якҷонибаи Амрико на танҳо монеъ аз тиҷорати башардӯстона, монанди хариди ғизо ва дору шуда, балки ирсоли кумакҳои башардӯстонаи созмон ба мардуми ниёзманд дар манотиқи даргирӣ ва буҳронзадаро низ таҳти таъсир қарор додааст.

Баҳорванд ҳамчунин гуфт, муоҳидаи байналмилалӣ тадвин шавад, ки тибқи он кумак ва тиҷорати башар натавонад ҳадафи таҳрим, мулоҳизоти сиёсӣ ё мавриди истифода барои аҳдофи низомӣ шавад.

Муҳсин Баҳорванд ҳамчунин аз густариши ҳамалоти террористӣ алайҳи нажод, қавмият ва мазоҳиби хос бавижа мадорис ва бахусӯс мадориси духтарона дар Афғонистон ба шиддати ибрози нигаронӣ кард ва ин иқдомотро на танҳо ҷинояти ҷангӣ, балки нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи башардӯстона донист.

Ду тараф дар хусӯси масоили минтақаӣ, аз ҷумла Яман, Сурия, Афғонистону Ироқ ва нақши Созмони Миллали Муттаҳид бавижа аз буъди башардӯстона ва имдодрасонӣ ба табодули назар пардохтанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп