Июн 12, 2021 09:44 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон: Мавзеи расмии Эрон ҳамвора ҳимоят аз ҳокимияти Ироқ будааст

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон, мавзеи расмии Эронро ҳамвора ҳимоят аз ҳокимияти Ироқ донист.

Саиди Хатибзода, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Аҳмад Алсаҳоф, ҳамтои ироқии ӯ дар гуфтугӯи хабарии шабакаи телевизионии Алахборияи Ироқ ҳузур ёфтанд ва ба саволот дар бораи равобити ду кишвар ва масоили минтақаӣ посух гуфтанд.

Хатибзода дар ин барнома гуфт: Эрон эиътиборотеро бо ҳадафи мурооти миллати Ироқ дар хусуси қарзҳои энержӣ лаҳоз кардааст.

Вай афзуд: Ба тасмимоти давлату Парлумони Ироқ дар бораи ҷадвали замонбандии хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар эҳтиром мегузорем.

Хатибзода ҳамчунин гуфт: Гурӯҳи террористии ДИИШ бо фатвои марҷаият ва ҳамбастагии мардуми Ироқ шикаст хурд.

Аҳмад Алсаҳоф низ дар ин мусоҳибаи хабарӣ гуфт: Дар сафари Хатибзода ба Бағдод, равобити дуҷониба ва масоили муштараки байни ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп