Июн 12, 2021 13:20 Asia/Dushanbe
  • Эрон таваққуфи терроризми иқтисодиро озмоиши аслӣ барои Амрико донист

Намояндаи доими Эрон дар Созмони милали муттаҳид бо интиқод аз давлати Байден дар тадовуми “Сиёсати шикастхурдаи фишори ҳадди аксарӣ”, таваққуфи терроризми иқтисодӣ алайҳи мардуми Эронро озмоиши аслӣ барои Вашингтон донист.

Маҷиди Тахти Равончӣ рӯзи ҷумъа дар Нишасти Маҷмаи умумии ин созмон, ки барои баррасии гузориши солонаи Шӯрои амният баргузор шуда буд, мавзеи Эрон дар бораи бархе таҳаввулоти ғарби Осиё дар соли 2020 ва иқдомоти муртабит бо Шӯрои амниятро ташреҳ кард.

Вай гуфт, вақте Амрико дар нахустин рӯзҳои 2020, дар иқдоме террористӣ ба дастури мустақими раисҷумҳури ин кишвар, қаҳрамонони минтақаии зидди террорист шомили генерал Сулаймониро ба шаҳодат расонд ва чанд рӯз баъд аз он низ раисҷумҳури Амрико ба ҳамла ба 52 нуқта аз ҷумла маконҳои фарҳангии муҳими Эрон таҳдид кард, Шӯрои амният сукути маргборе ихтиёр кард.

Намояндаи доими Эрон дар Созмони милали муттаҳид афзуд: Албата дар ҳамон сол, вақте Амрико пешнависи қатъномаеро барои эъмоли таҳрими таслеҳотӣ алайҳи Эрон ироа кард, 13 узви Шӯрои амният онро қотеона рад карданд.

Равончӣ ҳамчунин бо ишора ба тадовуми ишғоли Фаластин, муҳосираи ғайриинсонии Ғазза ва низ ҷиноёти режими Исроил дар куштори ғайринизомиён ва тахриби мадорис, манозил ва бемористонҳо дар Ғазза дар ҷанги 12 рӯзаи ахир гуфт, мутаассифона Шӯрои амният фақат назорагари ин вазъият аст.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп