Машҳад маркази ҳакокӣ ва қаламзанӣ бар рӯи санг дар Эрон
(last modified Tue, 15 Jun 2021 12:42:48 GMT )
Июн 15, 2021 17:42 Asia/Dushanbe

Машҳад, маркази ҳакок(кандакор)-ӣ ва қаламзанӣ бар рӯи санг дар Эрон аст.

Яке  аз саноати дастии ороишӣ ва корбурдӣ дар Эрон, ҳакокӣ рӯи санги ё қаламзанӣ рӯи санг ном дорад.

Ин ҳунари дастӣ имрӯз дар калоншаҳри Машҳад ва сипас Қум аз равоҷи бештаре бархӯрдор аст.

Ҳак кардани нақше бар рӯйи санг ба василаи абзорҳо мисли қаламҳои мухталиф, ки гоҳе комилан дастсоз буда, ҳунаре бисёри зебо ва арзанда аст.

Ҳунари зебои ҳакокӣ корбурдҳои мутанаввиъе дорад, гоҳе нақши зебо бар рӯи санге, ки сирфан ҷанбаи ороишӣ дорад ва гоҳе ҳак кардани нақше бар рӯи ашиё аст.

Санъати қаламзанӣ дар Машҳад ҳудӯди 100 сол қидмат дорад, ин ҳунарро гардишгарони хориҷӣ ба Амрико ва Аврупо бурданд.