Тими миллии футболи Эрон, Ироқро шикаст дод ва ба марҳалаи баъдӣ роҳ ёфт
(last modified 2021-06-16T04:17:27+00:00 )
Июн 16, 2021 09:17 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футболи Эрон, Ироқро шикаст дод ва ба марҳалаи баъдӣ роҳ ёфт

Тими миллии футболи Эрон дар дидоре сарнавиштсоз аз марҳалаи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2022 ба масофи Ироқ рафт ва ба бартарии арзишманди як бар сифр даст ёфт то бо 18 имтиёз ба унвони тими садрнишин роҳии марҳалаи баъдӣ шавад.

Ин дидор аз гурӯҳи сеюми мусобиқоти муқаддамотии қораи Осиё бо доварии Контошев аз Узбекистон ва дар варзишгоҳи «Шайх Алӣ ибни Муҳаммади Оли Халифа»-и Маномаи Баҳрайн баргузор шуд.

Бозӣ дар ҳоле оғоз шуд, ки Ироқ тим садрнишин буд ва тими Эрон барои поён додан ба садрнишинии Ироқ ва роҳ ёфтан ба марҳалаи ниҳоии интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ бояд ба се имтиёз даст меёфт.

Дар дақиқаи 35 бозӣ, Сардори Озмӯн тавонист танҳо голи ин дидорро ба самар бирасонад.

Эрон бо бурд баробари Ироқ, зимни гирифтани интиқоми шикасти дидори рафт дар баробари ин рақиби суннатӣ, ба унвони садрнишин роҳии марҳалаи ниҳоии интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ шуд.

 

Барчасп