Июн 18, 2021 08:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури мардуми Теҳрон дар интихобот бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ

Мардуми калоншҳри Теҳрон-пойтахти Эрон дар дақоиқи аввалияи оғози интихобот дар шуъбаҳои раъйгирӣ ҳузур ёфтанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар шуъбаҳои раъйгирӣ дар сатҳи калоншҳри Теҳрон аз ҷумла ҳусайнияи Иршод, Масҷидун-Набии Нормак ва масҷиди Лурзода  сафҳои тӯлонӣ имрӯзи ҷумъаи пеш аз оғози раъйгирӣ шакл гирифтааст . Алиакбари Нотиқи Нурӣ-узви Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низоми Ҷумҳӯрии исломии Эрон низ барои ширкат дар интихобот дар шуъбаи раъйдеҳии ҳусайнияи Иршод ҳузур ёфтааст . Мардуми калоншаҳри Теҳрон бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ аз ҷумла фосилагузории иҷтимоӣ ва истифода аз ниқоб дар назди сандуқҳои раъй ҳозир шудаанд . Сездаҳумини давраи интихоботи раёсати ҷумҳӯрӣ, шашумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру русто, интихоботи миёндавраии панҷумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва интихоботи миёндавраии ёздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст .
Беш аз 66 ҳазор сандуқи раъй дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрӣ ва беш аз 76 ҳазор сандуқи раъй дар интихоботи шӯроҳои исломӣ барқарор шудааст, ки 35 ҳазор сандуқ аз 76 ҳазор сандуқ ба шӯрои исломии шаҳр ва 41 ҳазор сандуқ ҳам ба шӯрои  исломии русто ихтисос дорад .

 

Барчасп