Паёми Раҳбари муъаззами инқилоб ба муносибати ҳузури ҳамосии мардум дар интихобот
(last modified Sat, 19 Jun 2021 11:13:12 GMT )
Июн 19, 2021 16:13 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раҳбари муъаззами инқилоб ба муносибати ҳузури ҳамосии мардум дар интихобот

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ аз ҳузури ҳамосӣ ва шӯрангези миллати Эрон дар интихоботи 28 хурдод қадрдонӣ карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи шанбе дар паёме ба муносибати ҳузури ҳамосӣ ва шӯрангези миллати Эрон дар интихоботи 28 хурдод, пирӯзи бузурги интихоботро миллати Эрон донистанд ва бо таъкид бар инки нагилоя аз душвории маӣшат, на мухолифи хониҳо бо ангезаи дилсард кардани мардум ва на авомиле монанди таҳдиди бемории фарогир ва бархе ихтилолҳо дар оғози соатҳои раъйгирӣ натавонист бар азми миллат фоиқ биёед, хитоб ба мунтахабони мардум дар масъулияти волои раёсатҷумҳурӣ ё узвияти шӯроҳо, гуфтанд, фурсати хидматгузорӣ ба кишвар ва миллатро қадар бидонед ва ангезаҳои Худоиро ҳамвора маддиназар дошта бошед.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ хитоб ба миллати Эрон гуфтанд: ҳузури ҳамосӣ ва шӯрангез дар интихоботи 28 хурдод, сафҳае дурахшони дигаре бар ифтихороти шумо афзуд, дар миёнаи авомиле, ки ҳар як ба гунае метавонист мушорикат дар интихоботро камранг кунад, манозири чашмнавози иҷтимооти шумо дар марокизи раъйгирӣ дар саросари кишвар, нишонаи ошкоре аз азми росих ва дили умедвор ва дидае бедор буд.

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ хотирнишон карданд: пирӯзи бузурги интихоботи дирӯз, миллати Эрон аст, ки як бори дигар дар баробари таблиғоти расонаҳои муздӯр ва душман ва васвасаи хомандешону бадхоҳон, қад барафрошт ва ҳузури худ дар қалби майдони сиёсии кишварро нишон дод.

Эшон афзуданд  Худованди алим ва қадирро бар тавфиқе, ки ба миллати Эрон ато карду назари раҳмате, ки бар Эрону Ҷумҳурии исломӣ афканд, шукри бепоён мегузорам ва ба миллати Эрон шодбош мегӯям ва ба ҳазароти муҳтараме, ки бо интихоби мардум ба масъулияти волои раёсатҷумҳурӣ ё узвияти шӯроҳо дар саросари кишвар даст ёфтаанд, ҳамроҳ бо арзи табрик, қадрдонӣ аз ин миллати бовафо ва пойбандии комил ба вазоиферо, ки дар қонун барои онон шумурда шудааст, ёдоварӣ мекунам.

Интихоботи сездаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон, шашумин давраи шӯроҳои исломии шаҳру рӯсто, нахустин миёндавраии ёздаҳумин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ ва дувумин миёндавраии панҷумин Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дирӯз (ҷумъа) баргузор шуд.