Раисӣ: Бо Байден дидор нахоҳам кард
Раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон гуфт, ки ҳозир нест бо раиси ҷумҳурии Амрико дидор кунад.
Саид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон дар посух ба хабарнигоре, ки пурсид: Оё бо рафъи таҳримҳо ҳозиред бо раиси ҷумҳурии Амрико дидор кунед? Дар як калом гуфт: Хайр (не).
Вай ҳамчунин дар посух ба суоле дар хусуси ин ки тавофуқи БарҶом ва эҳёи он барои шумо чӣ қадар аҳамият дорад ва чӣ паёме барои Амрико ва Аврупо доред? афзуд: Кишварҳои Амрико ва аврупоиҳо нигоҳ кунанд, ки нисбат ба БарҶом чӣ гуна иқдом карданд, БарҶомро амрикоиҳо нақз карданд ва аврупоиҳо ҳам ба тааҳҳудоташон амал накарданд.
Раисӣ гуфт: Таъкидам ба Амрико он аст, ки Шумо бар асоси БарҶом муваззаф ба рафъи ҳамаи таҳримҳо будед ва накардед, ба тааҳҳудоти худ баргардед ва онро иҷро кунед ва паёмам ба аврупоиҳо ин аст, ки ҳатман таҳти фишорҳову сиёсатҳои Амрико қарор нагиранд ва ба он чӣ дар БарҶом мутааҳҳид шудед, амал кунед.
Раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон ҳамчунин гуфт: Мутолибаи миллати Эрон аз Шумо ин аст, ки ба тааҳҳудоти худ баргардед ва аз давлати мардумӣ мехоҳанд, ки риояти ҳуқуқашонро дошта бошем ва мо ин мутолибаи дурусти мардумро дунбол хоҳем кард.
Раисӣ таъкид кард: Сиёсати хориҷии давлати мо аз БарҶом шуруъ намешавад ва ба БарҶом ҳам маҳдуд нахоҳад шуд.
Раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон гуфт: Мо таомулро бо ҳамаи дунё ва бо ҳамаи кишварҳои дунё, ба унвони як фурсати таомулии густардаву мутавозин дар сиёсати хориҷӣ дунбол хоҳем кард, дар музокирот ҳам ҳар музокирае, ки манофеи миллии моро тазмин кунад, ҳатман ин музокира мавриди ҳимоят хоҳад буд.