Инҳидоми се тими террористии зидди инқилоб дар айёми интихоботи Эрон
-
Инҳидоми се тими террористии зидди инқилоб дар айёми интихоботи Эрон
Дар айёми интихоботи Эрон, нерӯи заминии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ муваффақ ба шиносоӣ ва нобуд кардани се гурӯҳи террористии зидди инқилоб шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардори сартип Муҳаммад Покпур фармондеҳи нерӯи заминии сипоҳ аз таъмини амнияти тамомии марзҳо хабар дод ва гуфт: Дар айёми интихобот душман барномаҳои хосе дошт ва ба дунболи иқдомоти террористӣ буд, ки бо вокуниши қотеъи нерӯи заминии сипоҳ мувоҷеҳ шуд.
Сардор Покпур илова кард: Дар 10 рӯзи гузашта мунтаҳӣ ба интихобот, нерӯи заминии сипоҳ муваффақ ба шиносоӣ ва нобуд кардани се тими террористӣ дар шимоли ғарб кишвар шуд.
Ва бо ишора ба ин ки ду тими террористӣ ва аносури зидди инқилоб дар минтақаи Ашнавия ва Бона мунҳадим шуданд гуфт: Як тими террористӣ ҳам, ки аз марз убур карда буд, ки дар минтақаи Сарвобод дар ҳам кӯбида шуд.