Омода шудани ваксинаҳои коронаии сохти Эрон барои тазриқи саросарӣ дар кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i69394-Омода_шудани_ваксинаҳои_коронаии_сохти_Эрон_барои_тазриқи_саросарӣ_дар_кишвар
Мудири равобити умумии вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: Ваксинаҳои сохти Эрон барои тазриқи саросарӣ дар кишвар омодааст .
(last modified 2026-05-23T15:56:08+00:00 )
Июн 24, 2021 12:55 Asia/Dushanbe
  • Омода шудани ваксинаҳои коронаии сохти Эрон барои тазриқи саросарӣ дар кишвар

Мудири равобити умумии вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: Ваксинаҳои сохти Эрон барои тазриқи саросарӣ дар кишвар омодааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Киёнуши Ҷаҳонпур гуфт : Маҳмӯлаҳои ваксинаи Кув Баракат  ба вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон супурда шуда ва дар саросари Эрон омодаи марҳилаи тазриқ аст.

Ҷаҳонпур афзуд : Дигари ваксинаҳои дохилӣ ҳам вуҷуд доранд, ки ҳар моҳ тавлидашон афзоиш пайдо хоҳад кард. Мудири равобити умумии вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт : Тавлиди анбуҳи ваксинаи Пастор ҳам ба маҳзи такмили санадҳо муҷаввизи фаврӣ хоҳад гирифт, ҳамчунин рӯзи шанбеи оянда ваксинаи  Спутник V  кори муштараки Эрону Рeсия ҳам дар мароҳили баррасиҳои қарор хоҳад гирифт ва ба тадриҷ истифода мешавад. Ба гуфта Киёнуши Ҷаҳонпур: Ваксиносияи эронӣ то нуқтаи эминии ҷамъӣ то поёни фасли поиз ва ибтидои фасли зимистони имсол такмил хоҳад шуд .
Мутахассисону донишмандони Эрон муваффақ ба тавлид ва сохти чанд навъи ваксина барои муқобила бо вируси корона шудаанд, ки муҷиби таҳсини ҷомеъаи ҷаҳонӣ шудааст.



Бештар бихонед :