Июн 25, 2021 16:48 Asia/Dushanbe

Раҳбари инқилоби исломӣ пас аз тазриқи ваксина, ҳамаи дастандркороне, ки бо дониш, таҷриба ва кӯшиши илмӣ ва амалии худ кишварро аз ин ифтихори миллӣ ва кори обрӯбахш бархӯрдор карданд, ташаккур карданд.

Раҳбари инқилоби исломӣ пас аз тазриқи ваксина, бо ташаккур аз ҳамаи дастандаркороне, ки бо дониш, таҷриба ва кӯшиши илмиву амалии худ кишварро аз ин ифтихори миллӣ бархӯрдор карданд, гуфтанд: Аз вазири муҳтарам ва ҳамаи маҷмӯаи беҳдоштиву дармонии кишвар, аз оқои Мухбир ва ҳамкоронашон, ки дар ин қазия низ ҳамчун масоили дигар бо дилсӯзӣ, алоқамандӣ, ибтикор ва тавоноӣ зоҳир шуданд ва аз оқоён доктор Моранди ва доктор Саҷҷодӣ ба далели муроқибатҳои ҳамешагӣ аз вазъи саломатии банда, самимона ташаккур мекунам.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба исрорҳое, ки аз чанд моҳ қабл барои тазриқи ваксина ба эшон вуҷуд дошт, хотирнишон карданд: Ман аввалан моил набудам аз ваксинаи ғайриэронӣ истифода кунам, бинобарин гуфтам: Мунтазири ваксинаи эронӣ мемонам, зеро бояд ин ифтихори миллиро пос бидорем ва то вақте имкони пешгирӣ ва илоҷ дар дохил вуҷуд дорад, чаро аз он истифода накунем?

Эшон афзуданд: Албатта, вақте ниёз бошад, истифода аз ваксинаи хориҷӣ дар канори ваксинаи эронӣ низ эроде надорад, аммо бояд ба ваксинаи эронӣ эҳтиром бигузорем ва аз ҳамаи донишмандони ҷавон, пурталош ва фаъол дар тавлиди ин ваксина ва дигар марокизе, ки дар кишвар машғули тавлиди ваксина ҳастанд, ташаккур кунем.

Раҳбари инқилоби исломӣ гуфтанд: Илова бар исрор ба истифода аз ваксинаи эронӣ, таъкид доштам, ки дарёфти ваксина дар навбати табиии худ анҷом шавад, ки имрӯз биҳамдиллоҳ афроди болои 80 сол ва ҳамсинни банда, ағлаб ваксинро дарёфт кардаанд.

Эшон ҳамчунин бар зарурати сабти асноди илмӣ ва интишори мақолоти марбут ба ваксина таъкид карданд ва афзуданд: Дар канори тавлиди қавӣ, фаврӣ ва баҳангоми ваксина, асноду мақолоти илмии онро низ барои огоҳии дунё аз кори бузурги худ омода ва мунташир кунед.

Дар идома, оқои доктор Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо ташаккур аз ҳимоятҳои Раҳбари инқилоб, ба мудирияти хуби пики чаҳоруми корона дар кишвар, дар муқоиса бо кишварҳои дигар ва сабти модели дармони эронӣ ишора кард ва гуфт: Дар хусуси ваксина аз ибтидо барои харид ва ҳамчунин интиқоли дониши фаннӣ иқдомоти хубе анҷом шуд ва ситоди иҷроии фармони ҳазрати Имом низ илова бар ваксина, дар таъмини ниқоб ва дастгоҳи кислородсоз ҳамкории бисёр муносибе анҷом дод.

Доктор Намакӣ, вазири беҳдошти Эрон ҳам бо ишора ба расво шудани амрикоиҳо дар иддаои набуди маҳдудият дар интиқоли таҷҳизоту дору ба Эрон гуфт: Пас аз он ки мо муҷаввизи ваксинаро содир кардем, раиси ҷумҳурии Амрико эълом кард, имкони интиқоли ваксина ба Эрон вуҷуд дорад, ки нишон дод ҳарфҳои қаблии онҳо дурӯғ будааст.

Вазири беҳдошт гуфт: То поёни мурдод гурӯҳҳои осебпазир, беморони саъбулилоҷ ва афроди болои 60 сол ваксина дарёфт хоҳанд кард ва пас аз он донишомӯзон ва авомили мадорис дар навбати тазриқ қарор мегиранд.

Доктор Намакӣ дар бораи риоятҳои лозим, пас аз тазриқи ваксина низ гуфт: Ҳамчунон бояд аз маска истифода шавад, зеро ки ваксина эҳтимоли бемории сахтро пойин меоварад, аммо ҳамчунон эҳтимоли ибтило вуҷуд дорад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп