Июн 25, 2021 19:18 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: Бо фавти 115 нафари дигар аз мубталоён ба Ковид - 19 дар шабонарӯзи гузашта, теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 83 ҳазору 588 нафар расид.

Маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа дар иттилоияе эълом кард: Аз дирӯз то имрӯз (4 тири 1400) ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 10 ҳазору 820 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар кишвар шиносоӣ шуд ва як ҳазору 397 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд ва маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар кишвар ба 3 миллиону 150 ҳазору 949 нафар расид.

Вазорати беҳдошти Эрон дар ин иттилоия афзуд: То кунун ду миллиону 809 ҳазору 595 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Бар асоси омори расмии кишварҳо, вируси корона то кунун беш аз 180 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз 3 миллиону 917 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид -19 ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп