Июн 26, 2021 11:04 Asia/Dushanbe

Тазриқи ваксинаи эронӣ ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бозтоби густардае дар нашриёт, расонаҳо ва шабакаҳои хабарӣ дар сатҳи дунё дошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шабакаҳои мухталифи хабарӣ ва пойгоҳҳои интерентии англисизабон аз ҷумлаи вебгоҳи шабакаҳои Скан нюз, Рашатудей, Блумберг, Алҷазира ( англисӣ ) ва ҳамчунин хабаргузории Синхуа,  рӯзномаи Дейли  Майл ва бисёре аз дигари расонаҳои мактуб ва тасвирии байналмилалии хабар ва тасовири марбут ба тазриқи ваксинаи сохти дохили Эрон ба Раҳбари муъаззами инқилобро мунташир карданд.

Инчунин, шабакаҳои телевизионии арабизабони Ал-Маёдин, Russia Today, Ал-Айём, Осиё, Ан-Наҷба, Ал-Итҷаҳ, Ал-Манор, Ал-Аҳд, Ал-Қартас ин хабарро дар соатҳои аввал пӯшиш доданд.

Сомонаҳои Ансоруллоҳ, Ал-Аҳд, Аш-Шарқ ал-Авсат, Лубнон 24, Ал-Миср  ал-Явм, Ал-Явм ас-Сабиъ, Ал-Баваба, Ал-Лива, Ан-Нашра, Аш-Шоруқ, Ал- Наҳор, Ал-Аҳром, Ас-Сиёса Яман, хабаргузории Спутник, Ал-Ахбар  Лубнон, Ар-Райул-Абан ва дар унвонҳои худ ба эронӣ будани ин ваксина ишора карданд.

Мақоми муъаззами раҳбарӣ, субҳи дирӯз  дозаи аввали ваксинаи «Ков Эрон  Баракат »-ро дарёфт карда ва таъкид намуданд: Бояд ин ифтихори миллии (тавлиди ваксинаи эронӣ )-ро пос  бидорим.

Ширкати саноатии дорусозии «Шафофорамд» ваксинаи «Ков Эрон Баракат»-ро бар асоси вируси ғайрифаъол, сохт ва нахустин мутолиаи эминзоӣ ва асарбахшӣ дар авохири декабр анҷом шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп