Июн 27, 2021 09:53 Asia/Dushanbe
  • Сурно Сатторӣ-муовини илмӣ ва фанноварии раёсати ҷумҳӯрии Эрон
    Сурно Сатторӣ-муовини илмӣ ва фанноварии раёсати ҷумҳӯрии Эрон

Муовини илмӣ ва фанноварии раёсати ҷумҳӯрии Эрон аз бозгашти беш аз 2 ҳазор донишманди эронӣ ба кишварашон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сурно Сатторӣ-муовини илмӣ ва фанноварии раёсати ҷумҳӯрии Эрон гуфт : 2 ҳазору 500 нухба(донишманд) аз 100 донишгоҳи хориҷӣ дар 4 соли гузашта ба кишвар бозгаштаанд, ки умдаи онҳо дар паркҳои фанноварӣ машғул шудаанд .

Сурно Сатторӣ дар маросими имзои қарордоди сохти шаҳраки фанноварӣ дар шаҳрҳои нави Пардис ва Паранд, бо баёни инки парки фанноварии Пардис бузургтарин парки илму фанноварии минтақа аст, афзуд : 13 ҳазор миллиард тумон сармоягузории бахши хусусӣ дар паркҳои фанноварӣ анҷом шудааст .
Ба гуфта Сурно Сатторӣ вижагии муҳими парки фанноварии Пардис ин аст, ки саноъати олоянда дар Пардис надорем ва ин ҳамон иқтисоди донишбунён аст, ки олудагӣ надоштаву таърифи наве аз саноъатро, ки олудагӣ надорад, ироа кардааст .

 


Бештар бихонед :

 

Барчасп