Сифати олии ваксинаи коронаии эронии " Нуро "
(last modified Sun, 27 Jun 2021 08:28:51 GMT )
Июн 27, 2021 13:28 Asia/Dushanbe
  • Сифати олии ваксинаи коронаии эронии

Мудири тарҳи ваксинаи Нуро таъкид кард: Меъёрҳои сахтгирона барои тавлиди ваксина доштем.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон пресс, Ҳасани Абулқосимӣ-раиси донишгоҳи Бақиятуллоҳи Теҳрон ва мудири тарҳи ваксинаи Нуро рӯзи якшанбе дар ойини рӯнамоӣ аз ваксинаи навтаркиби донишгоҳи Бақиятуллоҳ ( аҷ ) ва оғози раванди корозмоии болинии ваксина " Нуро " дар бемористони Бақиятуллоҳи Теҳрон гуфт : Ваксина намоди яке аз чандин доруҳои бологии тавлидшуда дар Эрон аст .

Абулқосимӣ афзуд : Бар хилофи Амрико  Эрони дастовардҳои худро махфӣ намекунад ва иттилооти илмии худро мунташир мекунад ва ин амр муваффақияти донишмандони эрониро исбот мекунад .
Раиси донишгоҳи Бақиятуллоҳи Теҳрон ҳамчунин гуфт : Дар таи  мароҳили тавлиди ваксинаи Нуро бо инки стандартҳо мушкилтар мешуд, муҷаввизҳои лозим аз вазорати беҳдошти Эрон дарёфт шуд .
Мудири тарҳи ваксинаи Нуро таъкид кард: Нуро ваксинаи навтаркиб ва протеинӣ аст, ки зарари кам ва таъсири зиёде дорад .

Сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ-фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Саиди Намакӣ-вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ба ҳамроҳи дигар мудирони вазорати беҳдошт дар ойини рӯнамоӣ аз " ваксинаи Нуро " ҳузур доштанд .



Бештар бихонед :