Июн 28, 2021 09:32 Asia/Dushanbe
  • Ваксинаи \
    Ваксинаи \"Ков Эрон Баракат\" коронаи африқоиро ҳам шикаст дод

Бо таҳқиқ бар хуни афроде, ки ваксинаи "Ков Эрон Баракат"-ро дарёфт карда буданд собит шуд, ки ин ваксина ба шикаст додани коронаи африқои муваффақ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ширкати фармасевтии Шифо Фармеди вобаста ба ситоди иҷрои фармони Имоми Хумайнӣ ( раҳ ) дар иттилоъияе эълом кард: Озмоиши хуни 10 нафар аз афроде, ки дар марҳалаи аввал ва 30 нафар аз касоне, ки дар марҳалаи дувуми мутолиъоти клиникии ваксинаи Ков Эрон  Баракат довталаб шуда буданд, исбот кард, ки антителаҳои дар баданашон тавлидшуда метавонанд варианти африқоии "Ковид-19" -ро шикаст диҳанд. 

Дар ин гузориш омадааст: "Қаблан антителаҳои хуни ихтиёриёни ин ваксина дар варианти англисии корона санҷида шуда буданд ва муваффақияти ин ваксина низ дар онҷо исбот карда шуда буд." Ширкати фармасевтии Шифо Фармед инчунин дар бораи  амалкарди ваксинаи "Ков Эрон  Баракат" бар коронаи ҳиндӣ низ эълом кард: Намунаи савияи ҳиндии вирус ба наздикӣ ба муҳаққиқони ин маҷмӯа расидааст ва онҳо онро ба ҳуҷайра интиқол дода, дар он озмоиши хунсосозиро анҷом медиҳанд.Натиҷа ба мардум эълон карда мешавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп