Пирӯзии "Раисӣ" заминасози беҳбуди равобити Эрон ва Тоҷикистон
(last modified Mon, 28 Jun 2021 05:54:51 GMT )
Июн 28, 2021 10:54 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии \
    Пирӯзии \"Раисӣ\" заминасози беҳбуди равобити Эрон ва Тоҷикистон

"Азия плюс" яке аз расонаҳои пурмухотаби Тоҷикистон бо интишори гузорише навишт: Пирӯзии "Сайид Иброҳим Раисӣ" заминасози беҳбуди равобит миёни Эрон ва Тоҷикистон хоҳад буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Рашид  Ғании Абдуллоҳ » коршиноси сиёсии тоҷик  зимни матлабе, ки дар нашрияи пурмухотаби «Азия плюс » чопи «Душанбе » мунташир кард, ба баррасии вазъияти равобити Тоҷикистону Эрон  тайи солҳои ахир ва фурсатҳои ҷадиди ҳамкориҳо  миёни ду кишвар бо ба қудрат расидани Сайид Иброҳими Раисӣ пардохтааст.

Дар ин гузориш омадааст: "Имрӯз  ҳангоме, ки раванди интиқоли қудрат аз раисҷумҳури собиқ ба раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон шурӯъ шудааст, метавон гуфт аз ҳамон ибтидои раёсати «Ҳасан  Рӯҳонӣ » равобити Эрон ва Тоҷикистон ба хубӣ пеш нарафт. Албатта, сабабҳои объективӣ низ буданд. Яке аз онҳо ва шояд аз ҳама муҳим, иштироки пурраи Маъмурияти дувоздаҳум дар ҳалли барномаи ҳастаии он бо ИМА ва кишварҳои Аврупо буд.

Ҳар ончӣ ки иртиботи мустақиме бо ҳали ин масаъла надошт, барои тими Ҳасани Рӯҳонӣ аз авлавият бархурдор набуд.

Бо ин вуҷуд тарафи тоҷик бо дар назар гирифтани савобиқи Ҳасани Рӯҳонӣ бояд ин омодагиро медошт, ки бетаъоруфии мавҷуд дар равобит миёни ду кишвар дар замони раёсати ҷумҳурии « Маҳмуди Аҳмади Нажод », дар ин шароит наметавонад вуҷуд дошта бошад .

Ҳамчунин лозим буд бархе аз зарофатҳои фаннӣ ва девонсолорӣ, ки тайи ҳазорон солаи давлатдории Эрону мактаби диплумотики он шакл  гирифта, дар назар гирифта мешуд.

Замоне, ки « Маҳмуд Аҳмади Нажод » дар даври нахусти пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон шуд, «Саидуллои Хайруллоев» раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро ба ҳузур  пазируфт, ки ҳомили паёми «Эмомалӣ Раҳмон» раисҷумҳури Тоҷикистон буд.

Пас аз 8 сол дар торихи 26 июни соли 2013 «Ҳамроҳхон Зарифӣ» вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Маҳмуди Аҳмади Нажод  дидор ва паёми раисҷумҳури кишвари худро тақдим кард.

Мантиқист фарз бар он гирифта шавад, ки мухотаби паёми Раҳмон дар он замон, раисҷумҳури мунтахаби Эрон, яъне Ҳасан Рӯҳонӣ буд. Аз онҷо ки дар расонаҳо ҳеч хабаре аз дидори Зариф  бо Рӯҳонӣ мунташир нашуд, метавон ба ин натиҷа расид, ки ба далоиле раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон тарҷеҳ дод то аз мулоқот бо мақоми ёдшудаи тоҷик худдорӣ кунад.

"Азия плюс" дар идомаи гузориши худ ба шароит ва хусусиёти раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон пардохта ва менависад: "Ба эътиқоди Иброҳим Раисӣ, таҳримҳои алайҳи Эрон  фурсате барои тавсеъаи тавлидоти худи дар ҳавзаҳои мухталиф аст. Дар ҳақиқат  ин иттифоқ дар Эрон ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба назар мерасад, ки Эрон дар замони раёсати ҷумҳурии Иброҳими Раисӣ дар қиёс бо давраи Ҳасан  Рӯҳонӣ аз ин фурсатҳо баҳрабардории беҳтаре хоҳад дошт.

Омодагии билқувваи раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон барои тавсеъаи равобити чанд ваҷҳӣ бо ҷаҳони хориҷ, умедвориҳои барои тармими ҷомеътари ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистонро бештар кардааст.

Раисӣ фарде бо таҷриба, бо кифоят буда ва ба назар мерасад ба унвони як нафар  ҳуқуқдони ҳарфаӣ дар амри мудирияти бисёр  дақиқ ва резбин низ ҳаст.

Тавре коршиносони эронӣ тасдиқ мекунанд, ӯ бо фасод бо қатъият ва бомуваффақият мубориза мебарад ва дарки зарурии умури иқтисодиро дорад.

Ин бадон маъност, ки тамоми пружаҳое, ки аз сӯи Тоҷикистон  ҷиҳати баррасӣ муаррифӣ мешаванд, бояд бо дақиқтарин равиш таҳия шаванд.Ин хусусиёти раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон зимни танзими равобит ва таъомул бо вай бояд мадди назар қарор дода шавад.