Дидори сафири ҷадиди Англия дар Теҳрон бо Ҳасани Рӯҳонӣ
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, густариши равобити дуҷониба бо Англияро хостор шуд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии риёсатҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ, рӯзи душанбе дар дидори Николас Хоптон-сафири ҷадиди Англия дар Теҳрон, бо баёни ин ки тавсеаи сатҳи равобити Эрон ва Англия ба унвони ду кишвари муҳим аз аҳамияти басазое бархӯрдор аст, гуфт, раванди равобити ду кишвар дар солҳои ахир, рӯ ба тавсеа буда ва метавон бо фаъол кардани зарфиятҳои мавҷуд, ба ин раванд шитоб дод.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, баъд аз БАРҶОМ, Эрон ва Англия ниёзманди ҷуброни фурсатҳои аз даст рафта, дар гузашта ҳастанд ва лозимаи он, иртиқои сатҳи равобити иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ аст ва ин ҳама ниёзманди барқарории комили равобити бонкӣ аст.
Рӯҳонӣ бо таъкид бар аҳамияти тааҳҳуди комили тарафайн ба иҷрои мафоди БАРҶОМ, тасреҳ кард, Эрон ба тааҳҳудоти худ ба таври комил амал карда ва тарафи муқобил ҳам бояд ҳамин шева ва рафторро нисбат ба БАРҶОМ дошта бошад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба ҳузури Лондон дар музокироти ҳастаӣ, хотирнишон кард, бо талоши 7 кишвар муваффақ шудем ба тавофуқи муҳимме даст пайдо кунем ва ин тавофуқ, ҳовии ин паёми мусбат барои ҷаҳониён буд, ки ихтилофот аз тариқи дипломатӣ қобили ҳалу фасл аст.
Николас Хоптон-сафири ҷадиди Англия, низ дар дидор бо Рӯҳонӣ пас аз тақдими Устуворномаи худ, гуфт, имрӯз Эрон ва Англия шоҳиди пешрафти воқеӣ дар равобити дуҷониба ҳастанд ва ширкатҳо ва бонкҳои англисӣ тамоюли зиёде барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ доранд ва дар ояндаи наздик музокироти лозим байни бонкҳои марказии ду кишвар, анҷом хоҳад шуд.
Сафири ҷадиди Англия дар Теҳрон, дар хусуси масоили минтақаӣ низ аҳамияти ҳамкорӣ бо Эронро мавриди таъкид қарор дод ва гуфт, Англия умедвор аст, дар хусуси масоили минтақаӣ, ҳамкориҳои бештаре бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дошта бошад.