Алии Аскарӣ: Расонаҳои муқовимат қавитар аз ҳамеша роҳашонро идома медиҳанд
-
Пуштвонаи ин расонаҳо, инсонҳои мусаммам, ҷиҳодӣ ва муқовим ҳастанд ва роҳро идома хоҳанд дод.
Раиси Созмони садо ва симои Эрон бо ишора ба коршиносии истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнизм ба саркардагии Амрико муқобили расонаҳои муқовимат қавитар аз гузашта роҳи худашонро идома хоҳанд дод.
Раиси созмони садои ва симои Эрон бо ишора ба коршикании истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнизм ба саркардагии Амрико муқобили расонаҳои муқовимат, гуфт: Расонаҳои муқовимат қавитар аз гузашта роҳи худашонро идома хоҳанд дод.
Ба гузориши хабаргузории садо ва симо, Абдулалии Алӣ Аскарӣ дар даҳумин иҷлоси Маҷмаъи умумии иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ, афзуд: Пуштвонаи ин расонаҳо, инсонҳои мусаммам, ҷиҳодӣ ва муқовим ҳастанд ва роҳро идома хоҳанд дод.
Раиси созмони садо ва симои Эрон хотирнишон кард: Агар шоху барги ниҳолеро, ки реша дар замин дорад бизанем, дарҳақиқат онро ҳарас кардаем ва он ниҳол дар ҷиҳати борвартар шудан ҳаракат мекунад.
Алӣ Аскарӣ бо таъкид бар ин ки душманон аз бастани расонаҳои муқовимат суде нахоҳанд бурд, тасреҳ кард: Бидонед дар оянда ин расонаҳо қавитар аз гузашта амал хоҳанд кард ва агар торихро бубинед инро хоҳед дид ва худованд ваъдаи нусрат додааст.
Даҳумин иҷлоси Маҷмаъи умумии иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ бо ҳузури намояндагони расонаҳои кишварҳои мухталиф бо шиори адолати расонаӣ ва озодии баён дар маркази ҳамоишҳои байналмилалии садо ва симо дар ҳоли баргузорист.
Ин маросим бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ дар ҳоли баргузорист ва бисёре аз масъулони расонаҳои кишварҳои мухталиф аз тариқи фазои маҷозӣ, меҳмони ин иҷлос шудаанд.
Бештар бихонед: