Июн 29, 2021 14:42 Asia/Dushanbe
  • Ин ҷаласа имрӯз сешанбе дар Теҳрон баргузор шуд
    Ин ҷаласа имрӯз сешанбе дар Теҳрон баргузор шуд

Дабиркулли Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ, аз иқдоми золимона ва ғайриқонунии Амрико дар ҳазфи бархе аз сайтҳо ва хабаргузориҳои муқовиматӣ интиқод кард ва ин иқдомро нақзи фоҳиши ҳуқуқи башарӣ ва озодии баён донист.

Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс, дабирикулли Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ " Алӣ  Каримиён" рӯзи сешанбе дар маросими ифтитоҳияи даҳумин давраи Маҷмаъи умумии ин иттиҳодия гуфт: Ҳаққи қонунии мардуми ҷаҳон ва мусулмонон дар баҳрабардорӣ аз тавлидот  расонае пок ва солим аст.

Каримиён аз иқдоми золимона ва ғайриқонунии Амрико дар ҳазфи бархе аз шабакаҳои ин иттиҳодия аз моҳвораҳо ва ҳамчунин мусодираи доманаи бархе аз сайтҳо ва хабаргузориҳои муқовиматӣ интиқод кард.

Дабиркулли Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ, ин иқдомро нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар ва озодии баён донист.

Каримиён бо таъкид бар сукут накардани меҳвари муқовимат ва расонаҳои узви иттиҳодия дар баробари иқдомоти золимона ва кӯдаккушиҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ дар Фаластин, Ироқ, Сурия ва сойири кишварҳои исломӣ, пирӯзиҳои меҳвари муқовимат ва мардуми мусулмони Фаластин дар ҷанги 12 рӯзаро мавриди таҳсин қарор дод.

Даҳумин иҷлоси Маҷмаъи умумии иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ бо шиори «Адолати расонаӣ ва озодии баён » бо ҳузури мудирони расонаҳои узви иттиҳодия, коршиносони сиёсӣ ва масъулони фарҳангӣ ва ба таври ҳамзамон дар Теҳрон, Бағдод, Бейрут, Ғазза, Кобул, Истанбул ва Санъо  баргузор мешавад.

Ин иҷлос дар Теҳрон, имрӯзи сешанбе дар маркази ҳамоишҳои байналмилалии садо ва симо баргузор шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп