Июл 07, 2021 09:01 Asia/Dushanbe
  • Посухи раисҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон ба паёми табрики Путин

Сафири Эрон дар Маскав посухи навиштории раисҷумҳури мунтахаби Эрон ба табрики раисҷумҳури Русияро ба дастёри вижаи вай тақдим кард.

Козими Ҷалолӣ, сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия сешанбе бо Андрей Форсенко, дастёри вижаи раисҷумҳури Русия дидор ва посухи навиштории Саидиброҳими Раисӣ, раисҷумҳури мунтахаби Эрон ба паёми табрики Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро ба вай тақдим кард.

Ҷалолӣ дар ин дидор ибрози умедворӣ кард, давраи раёсатҷумҳурии ҷадид дар Эрон даврае тоза аз рушду шукуфоии ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон ва Русия бошад.

Сафири Эрон дар Русия ҳамчунин мушкилоти эҷодшуда барои донишҷӯён ва тоҷирони эронӣ дар паи мамнуиятҳои вуруд ба Русияро матраҳ ва хостори ҳалли ин мушкил шуд.

Дастёри раисҷумҳури Русия тақвият ва таҳкими равобити Эрону Русияро дар шароити печидаи ҷаҳонӣ зарурате иҷтинобнопазир хонд ва гуфт: Эътиқоди росих дорам, истиқомат, пойдорӣ ва истиқлоли ҷумҳурии исломии Эрон барои бисёре аз кишварҳо улгу аст ва Эрон ҷузъи мустақилтарин кишварҳои ҷаҳон аст.

Владимир Путин аввалин мақоми хориҷӣ буд, ки пас аз пирӯзии Саидиброҳими Раисӣ дар сездаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ба вай табрик гуфт.

Дар ин паём ба ҳусни ҳамҷаворӣ ва равобити дӯстонаи Эрону Русия ишора ва ибрози умедворӣ карда, ки дар ин даврон шоҳиди густариши рӯзафзуни ҳамкории дуҷонибаи ду кишвар бошем.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп