Паёми таслияти Вазорати умури хориҷаи Эрон дар паи сониҳаи ҳавоӣ дар Русия
(last modified Wed, 07 Jul 2021 05:08:47 GMT )
Июл 07, 2021 10:08 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Вазорати умури хориҷаи Эрон дар паи сониҳаи ҳавоӣ дар Русия

Вазорати хориҷаи Эрон, кушта шудани 28 нафар дар суқути ҳавопаймои русиро таслият гуфт.

Саиди Хатибзода, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон суқути як фарванд ҳавопаймои хутути ҳавоии Русия, ки ба кушта шудани 28 мусофир ва хадамаи он мунҷар шудро ба давлату миллати Русия таслият гуфт.

Вай ҳамчунин бо хонаводаҳои ҷонбохтгони ин сониҳаи ҳавоӣ ибрози ҳамдардӣ кард.

Як фарванд ҳавопаймои An – 26, ки сешанбе бар фарози Камчатка парвоз мекард, иртиботи худро бо бурҷи муроқибат мутаваққиф кард.

Бар асоси ин гузориш, 28 нафар дар ҳавопаймо буданд ва баъд аз сониҳа лошаи ин ҳавопаймо ёфт шуд.

Мақомоти минтақаи Камчаткаи Русия, листе аз аъзои хадама ва мусофирони нопадидшударо мунташир кардаанд.