Эрон ва Авруосиё, заминаҳо ва фурсатҳо барои тиҷорати озод
Нахустин намоишгоҳи ихтисосии Авруосиё дар Эрон, рӯзи ҷумъа дар маҳалли намоишгоҳи байналмилалии Теҳрон оғоз ба кор кард.
Баргузории ин намоишгоҳи тахассусӣ, фурсате барои шинохти бештари зарфиятҳои содиротии Эрон ва кишварҳои узви иттиҳодияи Авруосиё ва тасҳили музокироти тиҷорати озод бо ин иттиҳодияи бузурги иқтисодист.
"Ҳамиди Зодбум " раиси кулли Созмони тавсеаи тиҷорат; баргузории нахустин намоишгоҳи Авруосиё дар Эронро аз ин дидгоҳ, фурсати муносибе барои тасҳили музокироти тиҷорати озод бо иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва афзоиши сатҳи равобити тиҷорӣ донист.
Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, аз зарфиятҳои муносибе барои густариши равобити дуҷониба, бавижа дар шароити таҳрим бархӯрдор ҳастанд. Бо тавваҷӯҳ ба танаввуъи иқтисодӣ, ҷамъият ва зарфиятҳои иқтисодии ҳар як аз ин кишварҳо, ҳаҷми содироти Эрон ба ин кишварҳо ҳудуди як миллиард доллар баровард мешавад. Ин сатҳ аз равобит нишон медиҳад заминаи муносибе барои тавсеъаи бозор бо тавваҷӯҳ ба зарфиятҳои тиҷорӣ, тавлидӣ, фаннӣ ва муҳандисӣ, кишоварзӣ ва иқлӣмии муносиб дар Эрон барои фаъолони иқтисодӣ фароҳам аст, аммо аз ин зарфиятҳо батаври комил истифода нашудааст.
Мувофиқатномаи муваққати тиҷорати озод миёни Эрону Авруосиё 3 сол қабл бо танзими феҳристии шомили 862 қалами коло ба имзо расид ва аз сентябри 2019 иҷроӣ шуд. Дар ҳоли ҳозир талош мешавад, ки ин мувофиқатнома ба мувофиқати номаи тиҷорати озод табдил шавад.
«Сергей Глазев » вазири умури ҳамгароӣ ва иқтисоди калони комиссиюни иқтисодии Авруосиё гуфтааст, ки ҳамкорӣ бо Эрон дар авлавияти барномаҳои кории Авруосиё қарор дорад.
Тавсеъаи равобити тиҷории Ҷумҳурии исломии Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, бо 185 миллион нафар ҷамъият; аммо чӣ фурсатҳоеро фаро рӯи иқтисоди Эрон дар баландмуддат қарор медиҳад?
Нахустин нукта дар посух ба ин пурсиши таъсири мустақими ҳамкории тиҷории Эрону Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё бар гушоиши фазои навини тиҷорӣ аз тариқи коҳиши тарофаҳо, истифода аз зарфиятҳои мавҷуд дар ин иттиҳодия ва фароҳамсозии бистарҳои ҳамкории роҳбурдии Эрон ва иттиҳодия дар баландмуддат аст.
Узви раёсати Шӯрои тиҷории Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Анил Эбраев Эронро яке аз шуракои муҳим барои иттиҳодияи Авруосиё тавсиф карда гуфт: "Мо дар ҷустуҷӯи ташкили тиҷорати озод бо Эрон ҳастем" .
Равобити иқтисодии Эрон ва кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар солҳои ахир таҳти таъсири авомиле чун таҳримҳои байналмилалӣ, холӣ мондани зарфиятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои тавлидӣ ва маҳдуд мондани равобит ба фурӯши маводи хом ва энержӣ қарор доштааст. Аз тарафе, соли 2020 ба далели падидор шудани пондемияи корона, соли душворе барои тиҷорат дар сатҳи ҷаҳон буд. Ин шароит дар соли 2021 низ ҳамчунон идома ёфтааст. Бо ин ҳол ба рағми маҳдудиятҳо, ҳаҷми содироти Эрон ба Иттиҳодияи Авруосиё, 30 дарсад рушд дошта ва содирот ба Эрон низ рӯ ба афзоиш аст.
Нуктаи дигар; чандваҷҳӣ будани аҳдофи Эрон дар пайвастан ба Иттиҳодияи Авруосиё дастёбӣ ба бозори васеи Авруосиё, бавижа Русия аст. Ин масъала, барои ҳар ду тараф аҳамият роҳбурдӣ дорад ; то ҷое, ки Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин гуфтааст: «Маскав хоҳони пайвастани Эрон ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аст.»
Дар ҳоли ҳозир роҳбурди Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё то соли 2025 ба тасвиб расида ва ин иттиҳодия ба дунболи таҳаққуқи ин роҳбурд дар амал аст. Эрон ният дорад барои содда кардани муносибатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва хидматрасонии байни мо аз абзорҳои тарифӣ ва ғайририфӣ истифода барад.
Барои ҳосили тавофуқи тиҷории Эрон бо Авруосиё роҳе тӯлонӣ тай шудааст. Аз ин рӯ барои расидан ба аҳдофи баландмуддати тиҷорӣ, баргузории нахустин намоишгоҳи ихтисосии Авруосиё дар Эрон агарчи ба сурати маҳдуд, аммо бо натоиҷи умедворкунандае дар остонаи шурӯи кори давраи ҷадиди раёсатҷумҳурӣ дар Эрон ҳамроҳ аст.
Бештар бихонед: