Хатибзода: Марзҳои Эрон бо Афғонистон дар оромиш ва амният аст
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Ноамнӣ дар марзҳои кишвар бо Афғонистон вуҷуд надорад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо; Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар посух ба суоле дар хусуси вазъияти марзҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ бо Афғонистон пас аз таҳаввулоти ахир дар марз изҳор дошт: Марзҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳиммати марзбонони ғаюри эронӣ дар оромиш ва амният буда ва ноамнӣ дар марзҳои кишвар бо Афғонистон вуҷуд надорад.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд: Бо тавваҷӯҳ ба даргириҳои рухдода дар гумрукоти Исломқалъа ва Абӯнасри Форобӣ дар дохили хоки Афғонистони теъдоде аз коркунони афғонистонӣ ба дохили хоки Эрон омадаанд.
Хатибзода таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон вифқи қавонин ва муқаррарот ва бар асоси қарордодҳои марзӣ бо Афғонистон ва дар чорчӯби ҳусни ҳамҷаворӣ, иқдомоти лозимро анҷом хоҳад дод.
Бештар бихонед: