Зариф иқдоми ғайриқобили қабули нахуствазири Словенияро маҳкум кард
(last modified Mon, 12 Jul 2021 07:32:59 GMT )
Июл 12, 2021 12:32 Asia/Dushanbe
  • Зариф иқдоми ғайриқобили қабули нахуствазири Словенияро маҳкум кард

Вазири умури хориҷаи Эрон дар тамоси телефонӣ бо Ҷозеп Борл, намояндаи олии сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, иқдоми ғайриқобили қабули нахуствазири Словения дар гирдиҳамоии маҷозии гурӯҳаки террористии Мунофиқинро маҳкум кард.

Ба гузориши якшанбешаби ИРНА, дар пайи ҳузур ва газофагӯиҳои рӯзи шанбеи гузашта нахуствазири Словения дар гирдиҳамоии маҷозии гурӯҳаки террористии Мунофиқин, бо иноят ба ин ки ин кишвар дар ҳоли ҳозир ӯҳдадори раёсати давраии Иттиҳоди Аврупо аст, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон асри рӯзи гузашта дар тамоси телефонӣ бо намояндаи олии сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, зимни маҳкум кардани иқдоми ғайриқобили қабули нахуствазири Словения, хостори равшан шудани мавзеи Иттиҳоди Аврупо дар ин хусус шуд.

Намояндаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар посух, зимни ибрози таассуф, таъкид кард, суханони нахуствазири Словения ва он чӣ дар гирдиҳамоӣ гуфта шуда, ба ҳеч ваҷҳ мавзеи Иттиҳоди Аврупо дар қиболи равобит бо Ҷумҳурии исломии Эрон нест.

Вай афзуд: Мавозеи Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи сарон танҳо тавассути раиси шӯро ва дар сатҳи вузаро танҳо тавассути намояндаи олӣ баён мешавад ва суханони Янез Янша (Janez Janša), нахуствазири Словения ба ҳеч ваҷҳ дар зарфияти Иттиҳоди Аврупо унвон нашудааст.

Сафири Словения дар Теҳрон рӯзи якшанбе низ ба вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор ва зимни иблоғи эътирози шадиди Эрон ба вай, дархост шуд то давлати Словения ҳарчӣ зудтар дар ин робита тавзеҳ диҳад ва ҷумҳурии исломии Эрон мутаоқибан вокуниши лозимро хоҳад кард.

 

Бештар бихонед: