Июл 17, 2021 15:58 Asia/Dushanbe
  • Илҳом Алиев сари чанбараки худрави савории \\\
    Илҳом Алиев сари чанбараки худрави савории \\\" Хазар \\\"; тавлиди муштараки Эрон ва ҷумҳӯрии Озарбойҷон

Пас аз таъсиси ширкати худравсозии муштараки Эрону чумҳӯрии Озарбойҷон, мақомҳои Боку барои нахустин бор ба сохт ва тавлиди худравҳои гуногуни Эрон дар ҷумҳӯрии Озарбойҷон ифтихор мекунанд.

Дар ин иртибот Илҳом Алиев-раиси ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар дидор бо ҷамъе аз аъзои хонаводаи қурбониён ва маъюбони ҷанги Қарабоғ ба худрави савории " Хазар "- тавлиди муштараки Эрон ва ҷумҳӯрии Озарбойҷон нишаст .
Илҳом Алиев пас аз ошноӣ бо вазъияти фаннии худрави савории тавлиди муштараки Эрону ҷумҳӯрии Озарбойҷон, ки ба шуморе аз маъюбони ҷанги Қарабоғ эҳдо шудааст, алоқамандии худро бар афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф бавижа саноъатӣ эълом кард .
Бо тавваҷуҳ ба муштаракоти миллатҳои Эрону ҷумҳӯрии Озарбойҷон бидуни шак равобити мухталифи Теҳрону Боку дар заминаҳои мухталифи саноъатӣ, таъминкунандаи манофеъи давлатҳову миллатҳои ду кишвари ҳамсоя аст .
Дар ин замина бояд гуфт корхонаи муштараки худравсозии " Эронхудрав" ва " Озармаш " дар шаҳраки саноъатии Нафтчола дар қаламрави ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва дар 168 километрии ҷануби пойтахти ин кишвар дар соли 2016 таъсис шудааст .
Корхонаи муштараки худравсозии Хазар аз бузургтарин воҳидҳои тавлидии ин шаҳраки санъатӣ аст ва зарфияти тавлиди он 10 ҳазор худрави саворӣ аз навъҳои гуногуни моделҳои мухталиф дар сол аст .
Саҳми ширкати Эронхудрав дар ин воҳиди тавлидӣ 25 дарсад аст . Ин корхонаи муштарак дар ҷараёни сафари моҳи марти соли 2018 раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон ба ҷумҳӯрии Озарбойҷон ифтитоҳ шуд .
Бо тавваҷуҳ ба аҳдофи мақомҳои Эрону ҷумҳӯрии Озарбойҷони дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва афзоиши тиҷорати дуҷониба ба камаш се миллиард доллар дар сол тавлиди худрави муштараки Эрону ҷумҳӯрии Озарбойҷон барои ҳар ду кишвар дорои аҳамият аст.Зимни ин ки ин ҳамкориҳо метавонад бахше аз аҳдофи ҳамкориҳои тиҷории ду кишвари ҳамсояро таъмину тазмин кунад.
Пеш аз ин манобеи расмии ҷумҳӯрии Озарбойҷон бо интишори гузоришҳое тасреҳ кардаанд, ки беш аз як ҳазор ширкати эронӣ барои фаъолият дар ҳавзаҳои саноъатӣ, сохтмон, хадамотӣ, мухобирот, ҳамлу нақл ва кишоварзӣ дар ҷумҳӯрии Озарбойҷон ба қайд гирифта шудаанд ва омодаи фаъолият дар ин кишвар ҳастанд .
Ҳаҷми гардиши тиҷорӣ дар чорчӯби ширкатҳои фаъол дар ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар соли 2018 бо 74 дарсад афзоиш ба наздик ба 500 миллион доллар болиғ гардид .Дар ин иртибот Муҳаммадризо Наҷафиманиш-раиси анҷумани саноеъи ҳамгини қитъасозӣ ва коршиноси ҳавзаи худрав бо ишора ба ин ки давлати Туркия низ аз ҳамкорӣ бо Эрон дар заминаи саноъати худрав истиқбол карда, гуфтааст : " Эрон ҳатто ба мавзӯи тавлиди муштараки худрав ба шакли ҳамкории минтақаӣ менигарад . Ба унвони мисол пешниҳоде дар хусуси ҳамкории Эрон, Туркия ва Русия дар саноъати худравсозӣ ироа кардаем ва дар сурати имзои қарордоди сеҷониба метавонем худраве барои бозоре бо ҷамъияти наздик ба 800 миллион нафар тавлид кунем " .
Ба ҳар ҳол бояд гуфт : Соли 2018 соли пуртаҳаррук дар равобити Ҷумҳӯрии исломии Эрон ва ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар тамоми ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ будааст .
Дар ҳақиқат бо сафари расмии чандин ҳайати баландпоя аз бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба сарпарастии раиси Ҷумҳӯрии исломии Эрон ҷаҳиши бузурге дар ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар шакл гирифтааст.

 Дар як ҷамъбандии куллӣ бояд гуфт: Эрон дар бахшҳои мухталифи саноъатӣ дар ҷумҳӯрии Озарбойҷон фаъол аст . Аммо шакке нест, ки саноъати худравсозӣ ва тавлиди худрави муштараки Хазар аз муҳимтарин саноеъи Эрон дар ҷумҳӯрии Озарбойҷон маҳсуб мешавад .
Дар ин корхонаи муштарак, ки дар он фанновариҳои навин ва таҷҳизоту мошинолоти пешрафта ба кор гирифта шудааст, худравҳои савории моделҳо " Роно ", " Саманд ", " Дно ", " Пежо 206 ва 207 ", " Рено Пикоп " ва " Рено тундар " тавлид мешавад .
Бо шароити мавҷуд шубҳае нест, ки аҳдофи ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар соли ҷорӣ ва соли оянда амалӣ хоҳад шуд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп