Тавлиди муштараки худрав байни Тоҷикистон ва Узбекистон
(last modified Mon, 11 Mar 2024 15:45:12 GMT )
Март 11, 2024 20:45 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди муштараки худрав байни Тоҷикистон ва Узбекистон
    Тавлиди муштараки худрав байни Тоҷикистон ва Узбекистон

Дар Душанбе масъалаи истеҳсоли муштараки мошинҳо байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон Лазиз Қудратов масъалаи истеҳсоли муштараки мошинҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба гузаронидани ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро, ки таҳти ҳамраисии сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, гуфтугу карданд.