Июл 18, 2021 09:56 Asia/Dushanbe
  • Узви ҳайати илмии донишгоҳ : Ваксинаи Баракат бар коронаи делта ҳам муассир аст

Узви ҳайати илмии донишгоҳи улӯми пизишкии Теҳрон таъкид кард : Натоиҷи баррасиҳо нишондиҳандаи муассир будани ваксина " Кув Эрон баракат " бар вируси ҷаҳишёфтаи делта аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадризо Солеҳӣ-узви ҳайати илмии донишгоҳи улӯми пизишкии Теҳрон ва нозири корозмоии болинии ваксинаи " Кув Эрон баракат " гуфт : Асарбахшии ваксинаи Баракат бар варианти вируси делтаи корона дар озмоиши беасарсозӣ ( cVNT ) мавриди арзёбӣ қарор гирифт .

Солеҳӣ афзуд : Мушаххас шуд афроде, ки дар навбати як ва ду ваксинаи " Кув Эрон баракат " ширкат ва ваксина дарёфт карда буданд, дорои системаи ҳифозатӣ ба мизони муассире дар баробари коронаи делта аст .
Узви ҳайати илмии донишгоҳи улӯми пизишкии Теҳрон ҳамчунин гуфт : Нахустин ваксинаи эронии корона пеш аз ин ҳам намуди англисӣ ва африқои ҷанубиро шикаст дода буд, ки дар ҳоли таҳияи мақолаи он ҳастем .
Солеҳӣ таъкид кард :Ин ваксина дар ояндаи наздик ба таври анбуҳ тавлид мешавад .

Ин узви ҳайати илмии донишгоҳи улӯми пизишкии Теҳрон бо ишора ба инки ҳеч кадом аз озмоишҳое, ки барои эминисанҷии ваксинҳо анҷом мешавад, мавриди таъйиди Эрон ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт нест, тасреҳ кард : Баҳси эминизоии ваксина бисёр печида аст .



Бештар бихонед :


 

 

Барчасп