Июл 19, 2021 21:12 Asia/Dushanbe
  • Беасар будани антибиотикҳо дар дармони бемории корона

Мутахассиси дорусозӣ гуфт: Корона бемории вирусӣ аст ва антибиотикҳо асаре бар уфунатҳои вирусӣ надоранд.

Дуктур Алиризо Ороста афзуд: Антибиотикҳо доруҳое ҳастанд, ки ба беморон барои муқобила бо уфунатҳое, ки омили бактерияӣ доранд, бо куштан ё таваққуфи рушди бактерияҳо, кумак мекунанд.

Вай изҳор жошт: Аломатҳои маълуми Ковид -19 ё коронавирус шомили таб, хушкии гулӯ ва хастагӣ аст.

Вай идома дод: Албатта, илова бар ин аломатҳо, алоими дигаре монанди аз даст додани ҳисси чашоӣ ва бӯёӣ, дарунравӣ, эҳсоси дилбеҳузурӣ ва истифроғ, саргиҷа ва сардард, дарди азулонӣ (мушакҳо) ё муфсалӣ (устухон) низ дар беморон дида шудааст.

Мутахассиси дорусозӣ афзуд: Контроли алоим яке аз муассиртарин роҳҳои дармони корона аст.

Вай гуфт: Масрафи доруи таббар ва витамини С, нӯшидани мойеот ва истироҳат аз муҳимтарин иқдомот барои дармони бемори коронаӣ аст.

Ороста мегӯяд: Дармонҳои хонагӣ вазъияти бемориро бадтар мекунад, чун замони тиллоии дармон ва тақвияти бадан, ки ҳамон ҳафтаи аввал аст, аз даст меравад.

Мутахассиси дорусозӣ афзуд: Ба ҳамин далел аст, ки омори беморони бадҳоли коронаӣ дар ҳоли афзоиш аст ва маргу мирҳо ҳам раванди афзоишӣ дорад.

Вай афзуд: Доруҳои зидди вирусие монанди Фовипировир ва ремдисивир ҳам дар мавориде, ки бемор вориди марҳалаи ҳоди корона мешавад, бо назари пизишк бояд масраф шавад.

Дуктур Ороста идома дод: Ҳамчунон риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ монанди шустушӯи дастҳо, риояти фосилаи иҷтимоӣ ва истифода аз ниқоб беҳтарин роҳ барои пешгирӣ аз ибтило ба бемории корона аст.

Вай ба шаҳрвандон тавсия кард: Дар сурати мушоҳидаи ҳар гуна аломат, ҳатто бидуни доштани тангии нафас ҳам бояд ба пизишк ё марокизи дармонӣ муроҷиа ва аз худдармонӣ барои пешгирӣ ё дармони корона парҳез кунанд.

 

Бештар бихонед: