Июл 20, 2021 18:19 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики Рӯҳонӣ ба сарони кишварҳои исломӣ ба муносибати Иди Саиди Қурбон

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, дар паёмҳои ҷудогона ба сарони кишварҳои исломӣ фаро расидани Иди Саиди қурбонро табрик гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрони рӯзи сешанбе дар паёмҳои ҷудогона ба сарони кишварҳои исломӣ фаро расидани Иди Саиди қурбонро табрик гуфт.

Рӯҳонӣ дар паёми худ овардааст, ин ид даст бардоштан аз тааллуқоти дунявӣ, дил кандан аз хостаҳо дар роҳи маҳбӯби воқеӣ ва таҷаллии имону тоъати маҳз дар баробарт Маъбуд аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин паёми табрик, иброз умедворӣ кард, ки ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ба баракати ин иди азиз, бо раҳо шудан аз банди ҳавоҳои нафсонӣ ва исори ҷону моли хеш дар роҳи ризои Худо ва кумак ба бародарони мусулмон ва ҳамнавъон, раҳсипори қурб ва камоли илоҳӣ шуда ва ба раҳмати восеъаи Худо ноил гирданд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин дар паёми худ аз Худованд, саломатӣ ва муваффақияти сарон ва саъодат ва сарбаландии мардуми кишварҳои исломиро масъалат кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп