Июл 21, 2021 16:33 Asia/Dushanbe
  • Барпоии намози иди саиди Қурбон дар саросари Эрон

Намози иди саиди Қурбон бо риояти шеваномаҳои беҳдоштии махсуси бемории корона, дар саросари Эрони исломӣ баргузор шуд.

Қишрҳои мухталифи мардум субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 21 июл дар шаҳрҳову рустоҳои саросари Эрон, бо ҳузур дар масҷидҳо ва дигар маконҳои мазҳабӣ, намози иди саиди Қурбонро барпо карданд.

Дар рӯзи даҳуми зилҳиҷҷа, баробар бо иди саиди Қурбон ё иди Азҳо, ҳоҷиёне, ки ба зиёрати хонаи Худо рафтаанд, ба дастури Худованд ва барои ризои Ӯ қурбонӣ мекунанд ва ёди паёмбари бузурги илоҳӣ - ҳазрати Иброҳим (а) -ро зинда ва гиромӣ медоранд.

Худованд барои озмудани имону ихлос ба ҳазрати Иброҳим (а) маъмурият дод, ки фарзандаш ҳазрати Исмоил (а) -ро дар роҳи Худо қурбонӣ кунад.

Ҳазрати Иброҳим (а) бо вуҷуди душвории ин кор, ба фармони илоҳӣ гардан ниҳод ва барои иҷрои ин маъмурият муҳайё шуд, аммо ҳарчӣ талош кард, корд гулӯи фарзандаш ҳазрати Исмоил (а) -ро набурид.

Дар ин ҳол, ба ҳазрати Иброҳим (а) хитоб шуд: аз имтиҳони илоҳӣ сарбаланд берун омадааст ва он гоҳ гӯсфанде фиристода шуд то вай онро ба ҷои ҳазрати Исмоил (а) қурбонӣ кунад.

Ин моҷарои ибратангез ба ҳамаи инсонҳо дарси фидокорӣ ва азхудгузаштагӣ, ғалаба бар ҳавои нафс ва таслим дар баробари фармони Худованд медиҳад.

Мусулмонони ҷаҳон рӯзи даҳуми зилҳиҷҷаро ҳамчун як иди бузургу бошукӯҳи исломӣ гиромӣ медоранд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп