Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Масъулон ҳалли мушкилоти Хузистонро ба сурати ҷиддӣ дунбол кунанд
(last modified 2021-07-23T11:34:25+00:00 )
Июл 23, 2021 16:34 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Масъулон ҳалли мушкилоти Хузистонро ба сурати ҷиддӣ дунбол кунанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ масъулони дастгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро муваззаф карданд, ба сурати ҷиддӣ расидагӣ ба мушкилоту масоили мардуми устони Хузистон, ҷануби ғарби Эронро дунбол кунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пеш аз зуҳри имрӯз (ҷумъа), пас аз дарёфти навбати дувуми ваксинаи “Ков Эрон Баракат” ба мушкилоти мардуми Хузистон ишора карданд ва гуфтанд: Дар рӯзҳои ахир яке аз нигарониҳои воқеан дардовар масъалаи оби Хузистон ва мушкилоти мардум буд.

Эшон бо гилоя аз риоят нашудани тавсияҳои зиёди қаблӣ дар бораи оби Хузистон ва фозилоби шаҳри Аҳвоз, маркази ин устон афзуданд: Агар он тавсияҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирифт, мусалламан вазъи кунунӣ эҷод намешуд, ки мардуми вафодори Хузистонро бо вуҷуди ин ҳама имконот ва истеъдодҳои табиӣ ва корхонаҷот дар устон, норозӣ ва нороҳат кунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Мардум нороҳатии худро бурӯз доданд, аммо ҳеч гилае аз онҳо наметавон дошт, зеро масаълаи об, он ҳам дар он обу ҳавои гарми Хузистон масъалаи кӯчаке нест.

Эшон бо ишора ба ҳузури вафодоронаву фидокоронаи мардуми Хузистон дар хати мақдами мушкилоти ҳашт соли Дифои муқаддас гуфтанд: Ин мардум набояд дучори мушкилот бошанд ва агар дар вақти худ ба кори мардум расидагӣ мешуд, ин вазъият эҷод намешуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳамин ҳол мардумро ба муроқибат дар муқобили тавтеаҳои душман тавсия карданд ва гуфтанд: Душман ба дунболи он аст, ки аз ҳар чиз алайҳи инқилобу кишвар ва масолеҳи мардум истифода кунад, бинобар ин бояд муроқибат шавад, ки баҳонае ба дасти он дода нашавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо қадрдонӣ аз муҷоҳидатҳои маҷмӯаҳои беҳдошту дармон дар муқобила бо беморӣ ва ба хусус аз заҳамоти донишмандону муҳаққиқон дар тавлиди ваксинаи дохилӣ, бар лузуми истимрори риояти комили шеваномаҳои беҳдоштӣ то таваққуфи густариши бемории корона таъкид карданд.

 

Барчасп