Таърихсозии шоҳмотбози эронӣ дар Ҷоми Ҷаҳонии Русия
(last modified Sat, 24 Jul 2021 06:34:03 GMT )
Июл 24, 2021 11:34 Asia/Dushanbe
  • Таърихсозии шоҳмотбози эронӣ дар Ҷоми Ҷаҳонии Русия
    Таърихсозии шоҳмотбози эронӣ дар Ҷоми Ҷаҳонии Русия

Намояндаи шоҳмоти Ҷумҳурии Исломии Эрон бори аввал бо таърихсозӣ дар Ҷоми Ҷаҳон дар Русия дар байни 16 бозигари бартари дунё роҳ пайдо кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, даври дувуми марҳалаи чаҳоруми мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии 2021 Сочии Русия рӯзи ҷумъа бо се намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд, ки натоиҷи зайл  рақам  хӯрд: Устоди бузург  Муҳаммадамини Таботабоӣ, ки бо тавваҷӯҳ ба пирӯзии рӯҳиябахши худ даври аввал муқобили суперустоди бузурги Пантала Ҳерикришна, қаҳрамони Осиё аз кишвари Ҳинд, барои суъуд ба марҳалаи панҷум фақат ниёз ба як тасовӣ дошта бошад, ки хушбахтона Таботабоӣ тавонист дар бозии дувум дар як марафон  115 ҳаракати бозиро ба тасовӣ бикашанд то илова бар торихсозӣ суъӯди муқтадиронаашро ба рухи ҳарифон  бикашад.

Устоди бузург Пуё Айдени низ дар бозии аввали даври чаҳорум бо устоди ( гроссмейстер)-и Полша Кшиштоф Дода мусовӣ кард, аммо дар даври дуввум садди рақиби пурқуввати полякро убур карда натавонист ва дар ниҳоят даври панҷуми мусобиқаро аз даст дод.

 Устоди бузург Соро Содот  ходими ал-Шариа ҳам дар даври аввал  ҳамонанди Пуё Айденӣ бозиро бо мусовӣ ба поён  расонд, аммо дар даври дувум натавонист дар муқобили устоди бузург  Тони Ҷуней қаҳрамони асбақи ҷаҳон ба пирӯзӣ даст пайдо кунад ва аз суъӯд ба марҳалаи панҷум боз монд.