Июл 26, 2021 18:23 Asia/Dushanbe
  • Футзали Эрон Тоҷикистонро голборон кард

Тими миллии футзали Эрон дар дувумин бозии худ дар мусобиқоти Таиланд аз садди Тоҷикистон гузашт.

Дар дувумин рӯз аз рақобатҳои мусобиқоти Таиланд, тими миллии футзали Эрон ба масофи Тоҷикистон рафт ва муваффақ шуд дувумин пирӯзии худро низ ба сабт бирасонад.

Тими миллии футзали Эрон дар нимаи нахуст 4 бар сифр ба пирӯзӣ расид.

Дар нимаи дувуми дидори Эрон ва Тоҷикистон бозӣ бо даргирии бозикунон ҳамроҳ шуд, ба тавре, ки пас аз голи панҷуми Эрон, Алихоҷа Наврӯз ва Муҳаммади Шаҷарӣ бо якдигар бархурди шадид доштанд ва бо корти сурхи  мустақими довар аз замин ихроҷ шуданд.

Дар идома Таваккулӣ ва Аббосӣ ду голи дигар барои тими Эрон заданд то Эрон бо натиҷаи 7 бар сифр ин бозиро ба суди худ хотима диҳад.

Тими миллии футзали Эрон дар сеюмин бозии худ соати 12: 45 ба вақти маҳаллӣ ба масофи Миср меравад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп