Май 07, 2024 18:55 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии футзали Тоҷикистон дар ҷойгоҳи 34 радабандии ФИФА
    Тими миллии футзали Тоҷикистон дар ҷойгоҳи 34 радабандии ФИФА

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар радабандии ФИФА дар ҷойгоҳи 34 қарор гирифт.

Федератсияи байналмилалии футбол дар таърихи 6 май барои аввалин бор дар таърихи радабандии ҷаҳонии тимҳои футзал дар байни тимҳои миллиро эълом кард .

Ба гузориши Ховар ба нақл аз Федератсияи футболи Тоҷикистон , бар асоси радабандии федератсияи байналмилалии футбол , тими миллии футзали Тоҷикистон бо касби 1167.37 имтиёз дар миёни 139 кишвари ҷаҳон дар радаи 34 қарор дорад.

Гуфтани аст бо тавваҷуҳ ба натоиҷи мусобиқоти ҷоми миллатҳои Осиё 2024 ки чанди пеш дар Банкок ба поён расид, тими миллии футзали Тоҷикистон бо касби мақоми чаҳорум, барои аввалинбор дар таърихи худ ба мусобиқоти ҷаҳони роҳ ёфт.

Барчасп