Июл 30, 2021 18:11 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва ҷумҳурии Тотористони Русия барои афзоиши ҳамкориҳои кишоварзӣ эъломи омодагӣ карданд
    Эрон ва ҷумҳурии Тотористони Русия барои афзоиши ҳамкориҳои кишоварзӣ эъломи омодагӣ карданд

Вазири кишоварзии ҷумҳурии Тотористони Русия дар дидор бо сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маскав, хостори ҳамкории густарда бо Эрон дар заминаи кишоварзӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, Марат Зяббаров дар дидори Козими Ҷалолӣ бо баёни ин ки 1000 ширкати мухталиф дар заминаи кишоварзӣ ва тавлидоти чорво дар ҷумҳурии Тотористон фаъол аст, афзуд: “Соли гузашта ба арзиши 288 миллион доллар ба кишварҳои мухталиф содирот доштем”.

Вай хотирнишон кард, ки Тотористон дар заминаи тавлидоти чорво ва кишоварзӣ дар Русия мақоми аввалро дорад.

Зяббаров ҳамчунин гуфт: “Тотористон дар заминаи маҳсулоти ҳалол фаъолиятҳои густардае дорад ва фақат соли гузашта 300 ҳазор тон маҳсулоти ҳалол тавлид кардааст”.

Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия низ аз пешниҳоди вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тотористон истиқбол кард.

Ҷалолӣ ҳамчунин дар ин мулоқот хостори эҷоди маркази тиҷории эрониён дар Қазон барои арзаи маҳсулоти чорво ва кишоварзӣ шуд, ки вазири кишоварзии ҷумҳурии Тотористон бо он мувофиқат кард.

Ин рӯзҳо дувоздаҳумин нишасти иқтисодии Русия ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, мавсум ба “Маҷмаи Қазон” ва чаҳордаҳумин намоишгоҳи маҳсулоти ҳалоли Русия дар пойтахти Тотористон дар ҳоли баргузорӣ аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп