Эҷоди пойгоҳи воҳид барои маҳсулоти содиротии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург
(last modified Wed, 25 Jan 2023 06:22:07 GMT )
Январ 25, 2023 11:22 Asia/Dushanbe
  • Дар ин марказ дархостҳо ва пешниҳодоти харидорони хориҷӣ барои содирот баррасӣ мешавад
    Дар ин марказ дархостҳо ва пешниҳодоти харидорони хориҷӣ барои содирот баррасӣ мешавад

Пойгоҳи воҳид барои маҳсулоти содиротии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Русия эҷод хоҳад шуд.

Ожонси содироти зери назари давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст то пойгоҳи воҳид барои маҳсулоти содиротии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия эҷод кунад.

Дар ин марказ дархостҳо ва пешниҳодоти харидорони хориҷӣ барои содирот баррасӣ мешавад.

Ин мавзӯъ дар дидори Баҳриддини Сироҷиддинзода, раиси ожонси содироти Тоҷикистон бо раиси ҳайати назорат бар анҷумани сармоягузорон ва корофаринон баҳсу баррасӣ шуд.

Дар ин нишаст ҳамчунин дар бораи роҳҳои тақвияти ҳамкориҳо дар ростои тавсиъа ва пиёдасозии бастари диҷитоли барои содир кунандагон, эҷоди марокизи лаҷестикӣ ва сармоягузории  муштарак дар заминаи баста бандии маҳсулот, гуфтугӯ шуд.

Бештар бихонед: