Август 03, 2021 09:27 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии Муҳаммадризо Гароӣ фарангикори Эрон дар рақобатҳои олимпии Токио

Фарангикори вазни 67 килограми тими миллии гуштии фарангии Эрон, дар рақобатҳои олимпии Токио ба пирӯзӣ расид.

Муҳаммадризо Гароӣ, фарангикори вазни 67 килограми тими миллии гуштии фарангии Эрон, дар идомаи пайкорҳои гуштии фарангии бозиҳои олимпии Токио имрӯз муқобили рақиби Колумбияӣ ба пирӯзӣ расид.

Муҳаммадризо Гароӣ пас аз истироҳат дар даври нахуст, дар даври дувум ба масофи Орта аз Колумбия рафт ва 8 бар сифр ба пирӯзӣ расид.

Гароӣ бо ин пирӯзӣ дар даври сеюм бо барандаи гуштии миёни Стейблер, қаҳрамони ҷаҳон аз Олмон ва Мате Намес аз Сербия гуштӣ мегирад.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп