Пирӯзии бузурги Соро Баҳманёр-каратекори эронӣ дар Олимпиадаи Токио
Бонуи каратекори эронӣ дар рақобатҳои олимпии Токио дар даври аввал ба пирӯзӣ расид .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Соро Баҳманёр-бонуи каратекори вазни зери 55 килограми Эрон, имрӯз панҷшанбе нахустин муборизаи худ дар бозиҳои олимпии Токиоро бо бартарии 5 бар 4 муқобили ҳарифи матраҳу пурифтихори туркияӣ ба итмом расонд.
Баҳманёр дар даври нахуст ба масофи Сароб Аузчлик-нафари аввали дараҷабандии ҷаҳон аз Туркия рафт ва панҷ бар чаҳор ба бартарӣ расид.
Вен Тзуёни тайванӣ ва Аиути Гуронуо аз Булғористон дигар ҳарифони бонӯи каратеи Эрон дар марҳалаи гуруҳӣ ҳастанд .
Рақобатҳои каратеи бозиҳои олимпии Токио аз имрӯз ( панҷшанбе ) оғоз шудааст .
Саҷҷод Ганҷзода,Сорои Баҳманёр ва Ҳамидаи Аббосалӣ-каратекоҳои Эрон дар олимпиадаи Токио ҳастанд .
Баҳманёр имрӯз ба мусобиқа рафтааст ва муборизоти Аббосалӣ ва Ганҷзода рӯзи шанбеи ҳафтаи оянда баргузор мешавад.
Бештар бихонед :