Август 06, 2021 21:15 Asia/Dushanbe
  • Гуштигири эронӣ барандаи медали биринҷии олимпӣ

Амирҳусайни Зореъ, гуштигири озодкори вазни 125 килограми Эрон дар муборизаи радабандии ин вазн дар бозиҳои олимпии Токио бо пирӯзӣ муқобили намояндаи Чин, медали арзишманди биринҷиро гирифт.

Рақобатҳои радабандӣ ва финали вазнҳои 74 ва 125 килограми рақобатҳои гуштии озоди олимпии Токио имрӯз (ҷумъа) аз соати 15 ба вақти Эрон оғоз шуд.

Амирҳусайни Зореъ дорандаи тиллои навҷавонон ва умедҳои ҷаҳон ва нуқраи ҷавонон ва олимпии ҷавонон дар муборизаи радабандии вазни 125 килограм ба масофи Жи Ви Донг, дорандаи медали нуқра ва бронзи ҷаҳон аз Чин рафт, ки бо натиҷаи 5 бар сифр ҳарифи худро шикаст доду соҳиби медали бронз шуд.

Зореъ дар даври нахуст Александр Хотсяновский, дорандаи медали бронзи ҷаҳон аз Украинаро 7 бар сифр шикаст дод ва ба марҳалаи якчаҳоруми ниҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар ин марҳила муқобили ҳарифи косовоӣ қарор гирифт, ки муваффақ шуд ҳарифи худро бо натиҷаи 13 бар 2 шикаст диҳад ва ба ниманиҳоӣ роҳ ёбад.

Зореъ дар марҳалаи ниманиҳоӣ ба масофи Гено Петриашвили, дорандаи бронзи олимпӣ ва 3 тиллову 2 бронзи қаҳрамонии ҷаҳон рафт ва бо натиҷаи 6 бар 3 мағлуби ҳариф шуд ва аз рафтан ба финал бозмонд.

Тими Эрон тавассути Ҳасани Яздонӣ дар 86 кило ба медали нуқра расид ва Атрӣ низ дар 57 кило ба унвони панҷумӣ даст ёфт. Соири нафарот низ аз даври мусобиқот ҳазф шуданд.

 

 

 

Барчасп