Даъват аз Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳузур дар маросими ифтитоҳияи бозиҳои олимпии зимистонии Пекин
(last modified Mon, 24 Jan 2022 08:03:05 GMT )
Январ 24, 2022 13:03 Asia/Dushanbe
  • Даъват аз Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳузур дар маросими ифтитоҳияи бозиҳои олимпии зимистонии Пекин

Кумитаи баргузоркунандаи олимпии зимистонии Пекин аз Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳузур дар маросими ифтитоҳияи бозиҳо даъват кард.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, ин дар ҳоле аст, ки Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл дубора ба симати раиси Кумитаи миллии олимпии ин кишвар интихоб шуд.

Бозиҳои олимпии зимистонии 2022 бо номи расмии XXIV Olympic Winter Games аз 15 баҳмани 1400 оғоз ва авоили исфанди соли ҷории 1400 хуршедӣ поён меёбад.

Барои ширкат дар маросими ифтитоҳияи ин мусобиқот аз сарон ва мақомоти кишварҳои мухталиф даъват шудааст.

 

 

Барчасп