Мушовири раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Омили бесуботӣ ва ноамнӣ бояд аз минтақа хориҷ шавад
(last modified 2021-08-08T11:44:44+00:00 )
Август 08, 2021 16:44 Asia/Dushanbe
  • Мушовири раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Омили бесуботӣ ва ноамнӣ бояд аз минтақа хориҷ шавад

Мушовири раҳбари муаззами инқилоб дар умури байналмилал дар дидор бо дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин таъкид кард: Касоне, ки омили бесуботӣ ва ноамнӣ дар минтақа ҳастанд, бояд аз минтақа хориҷ шаванд.

Алиакбари Вилоятӣ, мушовири раҳбари муаззами инқилоб дар умури байналмилал дар дидор бо Зиёд Алнахола, дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин зимни ибрози хурсандӣ ва табрики пирӯзиҳои ҷибҳаи муқовимат гуфт: Масири муқовимат ва мубориза ба пешрафтҳои чашмгир ва ғайри қобили тавсифе даст ёфта ва тавониста тавфиқот ва пирӯзиҳои фаровонеро барои миллати мазлуми Фаластин ва минтақа ба даст оварад ва итминон дорем, ин масир бо иззат ва ифтихор идома хоҳад ёфт.

Мушовири раҳбари муаззами инқилоб дар умури байналмилал афзуд: Касоне, ки омили бесуботӣ ва ноамнӣ дар минтақа ҳастанд, бояд аз минтақа хориҷ шаванд ва бо пирӯзиҳои ахир, бетардид таҳаввулоти арзишманде ба нафъи ҷибҳаи муқовимат ба даст хоҳад омад.

Дабири кулли ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ ҳам дар ин дидор гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора дар канори ҷибҳаи муқовимат ва ормонҳои Фаластин қарор дорад ва бояд тасреҳ кард, ки имрӯз меҳвари муқовимат ва аз ҷумла ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ қавитар ва муқтадиртар аз гузашта тавониста иқтидори худро нишон диҳад.

Зиёд Алнахола аз мавозеи ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳимоят аз ормонҳои мардуми Фаластин қадрдонӣ карду афзуд: Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ ва миллати мазлуми Фаластин ва Ғазза бо ҷанги шуҷоона тавонистанд Исроилро ба зиллат бикашонанд ва онро дар ҳам бишкананд ва бояд аз роҳе, ки шаҳидоне ҳамчун сипаҳпад Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ тарсим карданд, қадрдонӣ ва аз он ҳаросат кард.

Бештар бихонед: