Бозгушоии марзи Милак; имрӯз
(last modified Wed, 11 Aug 2021 07:39:48 GMT )
Август 11, 2021 12:39 Asia/Dushanbe
  • Бозгушоии марзи Милак; имрӯз

Сухангӯи гумруки Эрон гуфт, марзи Милак имрӯз (чаҳоршанбе) бозгушоӣ мешавад.

Саидрӯҳулоҳи Латифӣ, сухангӯи гумруки Эрон афзуд, бозгушоии марзи Милак, феълан барои мошинҳои боркаши мутаваққиф дар марз аст ва умед дорем аз шанбе гумрукоти иҷроӣ ва тоҷирон битавонанд маҳмӯлаҳои ҷадидро бо ҳамоҳангӣ бо гумруки Милак ба ин марз барои содирот ба Афғонистон ирсол кунанд.

Латифӣ ҳамчунин гуфт, тараддуди мошинҳои боркаши содиротӣ дар марзҳои Дуғорун дар Хуросони Разавӣ (шимоли шарқи Эрон) ва Моҳирӯд дар Хуросони Ҷанубӣ (шарқи Эрон) ба самти Афғонистон идома дорад ва хабари таваққуфи комили тиҷорат бо ин кишвар асосан дурӯғ аст.

Сухангӯи гумруки Эрон афзуд, раванди тиҷорӣ дар марзи Моҳирӯд рушди 50дарсдӣ пайдо карда ва рӯзона беш аз 500 мошинҳои маҳмулаҳояшонро ба мошинҳои афғон интиқол дода то ба мақосиди содиротии ин колоҳо дар Афғонистон бирасад.

Вай афзуд, дар марзи Дуғорун низ наздик ба 250 мошин маҳмӯлаҳои тиҷории худро ба мошинҳои боркаши тоҷирои афғон барои тайи масир дар Афғонистон мунтақил мекунанд ва хабари таваққуфи комили тиҷорат бо Афғонистон овоза аст.

Аз рӯзи ҷумъа ба далели таҳаввулоти пешомада дар Афғонистон хурӯҷи коло аз марзи Милак анҷом нашудааст.