Август 11, 2021 16:34 Asia/Dushanbe
  • охирин омори корона дар Эрон дар таърихи 20 мурдоди 1400 шамсӣ
    охирин омори корона дар Эрон дар таърихи 20 мурдоди 1400 шамсӣ

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, бо фавти 536 нафари дигар аз мубталоён ба Ковид- 19 дар шабонарӯзи гузашта, теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 95 ҳазору 647 нафар расид.

Ба гузориши маркази равобити умумии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, рӯзи чаҳоршанбе дар иттилоияе эълом кард: Аз дирӯз то имрӯз (20 мурдоди 1400) ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 42 ҳазору 541 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки 4 ҳазору 865 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд ва маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар кишвар ба 4 миллиону 281 ҳазору 217 нафар расид.

Вазорати беҳдошти Эрон дар ин иттилоия афзуд: То кунун се миллиону 618 ҳазору 224 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Бар асоси омори расмии кишварҳо, вируси корона то кунун беш аз 204 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз 4 миллиону 328 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид -19 ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп